Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМУСОҲИБА МАҲМУД АБДУЛЛОЕВ: ОМӮЗГОРОНИ ТАСОДУФӢ ДАР МАКТАБҲОИ ОЛӢ ЗИЁД ШУДААНД…

МАҲМУД АБДУЛЛОЕВ: ОМӮЗГОРОНИ ТАСОДУФӢ ДАР МАКТАБҲОИ ОЛӢ ЗИЁД ШУДААНД…

by admin
513 views

Ин навбат ҳайати эҷодии рӯзнома хост, то бо яке аз олимони хушноми ҷумҳурӣ профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдуллоев Маҳмуд оид ба зиндагинома, фаъолияти омӯзгорӣ ва баъзе аз масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф ва ҳаёти сиёсӣ мусоҳибае анҷом диҳад. Фишурдаи мусоҳиба пешниҳоди хонандагон мегардад.

 

АБДУЛЛОЕВ Маҳмуд Холович санаи 01.09.1948 дар деҳаи Дедарозаки ноҳияи Шӯрообод дар аз хонадони деҳқон таваллуд шудааст. Муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (2012), профессор (2013), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2013), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995), иштирокдори гуфтушунидҳои ғайрирасмии тоҷикон оид ба созишномаи сулҳ дар шаҳри Душанбе (1994-1995) ва Санкт-Петербург (1997) мебошад. Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1970) ҳаст. Таҳсил дар мактаби ибтидоии деҳа (1954-1959), мактаб-интернати ба номи «Коммунизм»-и ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ, 1959-1966), донишҷӯ (1966-1970), хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1970-1971), омӯзгори кафедраи таърихи КПСС-и ИДПК (1971-1977), аспиранти кафедраи таърихи КПСС-и факултаҳои гуманитарии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1977-1981), муаллими калон (1981-1984), дотсенти кафедраи таърихи КПСС (1984-1994), муовини декани факултаи таърих ва забону адабиёти тоҷик (1994-2002), мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик ва назарияи иқтисодӣ (2002-2008), мудири кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих (2008-2009), мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ (2009-2013) ва аз соли 2013 профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Дар мавзӯи «Фаъолияти ташкилотҳои партиявии Тоҷикистон дар роҳи инкишофи минбаъдаи мактабҳои ҳамагонӣ дар ҷумҳурӣ (солҳои 1959-1970)» (1982, Алмаато) рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 60-80-уми асри ХХ: таърих ва проблемаҳои инкишофи он» (2012, Душанбе) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Дар мактабҳои олии шаҳрҳои Тошканд (1972), Москва (1976), Минск (1986) такмили ихтисос кардааст. Тадқиқотҳояш ба масъалаҳои таърих ва рушду нумӯи минбаъдаи маорифи Тоҷикистон бахшида шудаанд. Муаллифи 6 асар ва беш аз 80 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ. Бо нишонҳои сарисинагии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2013), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995), Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) мукофотонида шудааст.

 Дуруд бар Шумо, устоди гиромӣ. Чӣ ҳолу аҳвол доред ва ба чӣ корҳо ҳоло машғул ҳастед?

Бар шумо ҳам дуруд. Чун ҳамагон кору фаъолият дорем. Шукри истиқлолият, шукри тинҷиву оромии мамлакат, шукри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имконият фароҳам омадааст, то оромона меҳнат кунем. Чун як омӯзгори мактаби олӣ ба корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ машғул ҳастам. Дар факултетҳои таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва филологияи хориҷӣ дарсҳои лексионӣ ва амалӣ мегузарам. Дар вақтҳои фориғ аз дарс ба коҳои илмӣ-татқиқотӣ ва методӣ машғул ҳастам. Аз ҷумла, ба навиштани монография, мақолаҳои илмӣ, роҳбарӣ ба корҳои илмии аспирантон, унвонҷӯён ва дакторантони PhD, магистрантҳо ва корҳои дипломӣ (баклавр) машғул ҳастам.

 Собиқаи зиёди омӯзгорӣ доред. Аз куҷо хаёли омӯзгор шудан ба саратон омад? Шарҳ медодед.

Соли 2020 собиқаи омӯзгории ман ба 50 сол мерасад. Замоне дар деҳаи Деҳдарозаки ноҳияи Шурообод (ҳоло Ш.Шоҳин) дар мактаби ибтидоӣ таҳсил мекардам, муаллим Раҳмонов Ҳикмат аз синфи 1 то 4 ба мо дарс медод, ҳаваси дар оянда омӯзгор шуданро дар дилам ҷой гирифт. Барои ҳамин, то хатми мактаби миёна ин орзуву ҳавас дар фикрам боқӣ монд. Ҳамин буд, ки баъди хатми мактаб-интернати деҳаи Саричашма ба номи «Коммунизм» соли 1966 ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, ба факултети забон ва адабиёти рус супорида, донишҷӯ шудам. Баъди хатми донишкада, соли 1970 ба роҳхати Вазорати маорифи халқи ҷумҳурӣ ба мактаби миёнаи №7-и шаҳри Кӯлоб ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти рус фиристода шудам. Вале моҳи ноябри соли 1970 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯрави даъват карда шудам. Пас аз адои сарбаландонаи хизмати Модар-Ватан моҳи декабри соли 1971 ба кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба ҳайси омӯзгор даъват гардидаам ва аз ҳамон сол инҷониб дар вазифаҳои гуногун фаъолият карда истодаам.

Омилҳои аз таълими фанни забон ва адабиёти рус даст кашидани ман ва рӯ овардан ба илми таърих чунин аст. Дар солҳои донишҷӯии мо (солҳои 60-уми садаи ХХ) дар толори хониши донишгоҳ (дар он солҳо донишкада) барои хоҳишмандон ҷойи нишаст ба донишҷӯён басанда набуд. Маҳз ҳирси баланди донишандӯзӣ бархе аз донишҷӯёни ҳамон солҳоро ба шоҳроҳи илму фарҳанг ва маърифат ҳидоят намуд, ки мавсуф ҳам аз ин бенасиб намондааст.

Ҷойи ёдоварист, ки аксари донишҷӯёни солҳои 60-ум мавриди назар ба маҳфилҳои илмии кафедраҳои тахассусӣ ва ҷомеашиносӣ ҷалб карда мешуданд ва онҳо конспект кардани адабиёти илмӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, навиштани тақризу аннотатсия ба мақолаву маърӯзаҳо барои конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, маҳфилҳо ва семинарҳои махсус, корҳои курсиву дипломӣ, рефератҳо, фишурдаҳо ва ғайраро ғайратмандона меомӯхтанд ва ба даврҳои якум ва дуюми озмунҳои “Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ”, “Барои беҳтарин кори илмии донишҷӯ” оид ба илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва гуманитарӣ ширкати фаъолона доштанд. Чунин чорабиниҳо донишҷӯёнро водор мекарданд, ки ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо шавқу ҳаваси беандоза иштирок намоянд.

Ман ҳам аз соли аввали таҳсил дар донишгоҳ узви фаъоли маҳфилҳои таърихи ҲКИШ, забони русӣ ва адабиёти рус ба шумор мерафтам ва мунтазам дар ҷамъомадҳои онҳо ширкат меварзидам.

Пӯшида нест, ки дар тарғиби ин ё он фанни таълимӣ ва раҳнамоӣ ба шоҳроҳи илму маърифат нақши омӯзгор ниҳоят бузург аст. Бавижа, барои ман дарсҳои профессори зиндаёд Темур Каримов аз фанни таърихи ҲКИШ хеле мақбул ва диққатҷалбкунанда буданд, зеро эшон дар дарсаш “шираи мавзӯъ”-ро (сокаша гӯем) мегуфт ва аз шогирдон ҳам онро талаб мекард. Хушбахтона, ман ҳам имконоти мавҷудаи донишгоҳро самаранок истифода бурда, аз устодони мушфиқу меҳрубон профессор Темур Каримов, Абдулло Раҳимов, Хушвахт Ғафуров, Бобоқул Курбоналиев, саромӯзгор Ҳусейн Боғиров, Ашраф Сиддиқов (Ёдашон ба хайр…), дотсент Достӣ Шарифов сабақи хуб гирифта, ба илми таърихшиносӣ шавқу ҳаваси бештаре пайдо кардаам. Биноан, фикр мекунам, ки омили нахустини ба баҳри бекарони таърих ғӯтавар гардидани ман маҳз ҳамин устодони сахтгир буданд.

Омили дигари рӯй оварданам ба таърих ва пажӯҳиши он бидуни шубҳа таҳсил дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1972, 1976 ва 1986) дар Донишгоҳи давлатии ӯзбекистон (Тошканд) ва Донишгоҳи давлатии Беларус (Минск) мебошад. Маҳз шиносоӣ дар он ҷо ба олимони забардасту нозукбин, академикҳои маъруфу забардаст, профессорону докторони шуҳратманд, шахсиятҳои бузургу нотакрор, котибони варзидаи ҳизбӣ, китобхонаҳои бою ғании донишгоҳҳои шаҳрҳои мазкур, навиштани реферату маърӯзаҳо меҳру муҳаббат ва шавқу рағбатамро ба илму дониш дучанд намуданд.

Севумин омили ҷиддан ворид шудан ба илми таърих комгорӣ ба номи пуршарафи аспиранти назди кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва роҳбарии яке аз донишмандони ҷасуру тавоно ва бонуфузу серталаб, муовини ректори донишгоҳ оид ба илм, доктори илмҳои таърих, профессор Моёншо Назаршоев ба кори илмии ман мебошад. Ҷойи зикр аст, ки ба талаботу серталабии устоди зиндаёд Моёншо Назаршоев ҳар аспирант тоб оварда наметавонист. ӯ доимо аз шогирди худ боисрор талаб мекард, ки бештар адабиёти илмӣ, қарорҳо ва ҳуҷҷату санадҳои Ҳукумати Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати соҳаи маориф ва мактабҳои маълумоти умумиро аз бойгониҳои Кумитаи марказии ҲКТ ва Вазорати маорифи халқи Тоҷикистон дарёфт ва мутолиа намояд, то ки рисолаи номзадиро пеш аз муҳлати муқарраршуда дифоъ намояд. Билохира, соли 1982 рисолаи номзадии хешро бо унвони “Фаъолияти Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон оид ба минбаъда инкишоф додани мактаби маълумоти умумӣ дар ҷумҳурӣ” дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон муваффақона ҳимоя намудам. Ҳамин буд, ки устоди зиндаёд М.Назаршоев манро чун фарзанди худ хеле дӯст медошт ва эҳтиром мекард.

Омили чоруми ба майдони илми таърихшиносӣ гом бардоштанам пеш аз ҳама, хираду заковати азалӣ ва панду насиҳатҳои падари саховатпешаам ба шумор меравад.

Чунинанд омилҳои умдае, ки аз ихтисоси дар аввал пешакардаам – “муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ” дур шудам ва ба илми таърих рӯ овардам. Ин амали ман ҳодисаи муқаррарӣ буда, бисёр хатмкардагони мактабҳои олии кишвар алҳол ҳам тағйири ихтисоси аввала намуда, даст ба дигар илмҳо: сиёсатшиносӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, иқтисоди сиёсӣ, равоншиносӣ, педагогика ва ғайра зада, ба унвону дараҷаҳои баланди илмӣ ноил гардидаанд.

Ҳар донишҷӯеро, ки дарс додаед, аз шумо метарсад ва ҳатто камдоништарин донишҷӯ дарси шуморо тайёр мекунад. Сабаб чист, ки донишҷӯён аз шумо метарсанд? Ба фикри шумо донишҷӯ бояд аз омӯзгор ҳатман тарсад?

Ба фикри банда байни донишҷӯ ва омӯзгор тарс бояд вуҷуд надошта бошад ва ба фикри ман вуҷуд ҳам надорад. Он тарсе, ки шумо дар назар доред, он хел нест. Донишҷӯ масъулият ҳис мекунад, эҳтиром мекунад. Сабаби ба дарс тайёр будан ва иштирок кардан дар дарсҳои ман ва умуман дар дарсҳои омӯзгорони дигар ин ба омӯзгор вобаста аст. Пеш аз ҳама, серталаб будан лозим аст нисбат ба донишҷӯ. Ба дарс ҷиддӣ рафтор кардан лозим аст. Омӯзгор бояд ба дарсҳои лексионӣ ва ҳам амалӣ бо таёрии хуб биёяд ва аз донишҷӯ инро талаб кунад, баъд аз дарсҳои лексиониву семинарӣ бо донишҷӯ кор кунад. Аз ҷумла, иҷрои корҳои мустақилонаро аз ӯ талаб намояд, ба ӯ дар иҷро кардани онҳо ёрӣ диҳад, аз ӯ сабақгардонӣ талаб кунад.  Ин корҳоро мунтазам кардан лозим аст, яъне доимо дар алоқа будан бо донишҷӯ.

Имрӯз аз касби интихобкардаатон розӣ ҳастед? Агар “ҳа” бо кадом далел ва агар “не” бо кадом сабаб?

Албатта розӣ ҳастам, чунки орзуву мақсадҳое, ки дар ҷавонӣ доштам, яъне омӯзгор шудан ҷомаи амал пӯшиданд. Агар аз сари нав ҷавон мешудам, боз пешаи омӯзгориро интихоб мекардам, зеро ин касб дар асл касби пурмашаққат аст ва дар ин баробар пуршараф ва ифтихорманд аст.

Шумо, ки тарбиятдидаи мактаб-интернати ба номи «Коммунизм»-и ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ҳастед, маълум аст, ки ҳангоми мактабхонӣ азобу машаққати зиёд кашидаед. Аз он рӯзҳо барои ҷавонони имрӯз қисса мекардед.

Соли 1959 оилаи мо аз деҳаи Деҳдарозак ба шаҳри Кӯлоб кӯч баст. Ман дар мактаби № 5-и шаҳри Кӯлоб таҳсилро дар синфи 5-ум то моҳи январи соли 1960 идома додам. Дар таътили зимистона ба зодгоҳам барои дидорбинии хешу табор рафта, дар он ҷо бо ҳамсинфонам вохурдам. Онҳо мактаб-интернати Саричашма ба номи “Коммунизм”-ро васф намуданд ва маро ҳам талқин карданд, ки ба онҷо биёям. Азбаски, дар шаҳр хондан ба ман наонқадар баъд аз деҳа омадан писанд буд, моҳҳои январи соли 1960 падарам маро ба мактаб-интернати мазкур барои таҳсил бурд ва ман таҳсилро соли 1966 дар инҷо ба охир расонидам ва соҳиби номаи камол шудам. Дар бораи ин муассисаи таълимии овозадор китобчае ҳам таълиф намудаам. Барои ҳамин, баъзе нуқтаҳоро қайд карданиям.

Дар мактаб-интернат тартибу низоми нимҳарбӣ ҷорӣ буд. Талаба тӯли 24 соат зери назорати муаллиму мураббӣ буд. Хонандагон бо хобгоҳ, сарулибоси махсус ва хӯрок таъмин карда мешуданд. Дар мактаб-интернат системаи махсуси таълиму тарбия ҷорӣ буд. Қабули хонандагонро ба мактаб-интернат танҳо аз синфи 5 ҷорӣ намуданд. Шумораи хонандагон тадриҷан аз 150 нафар то 320 нафар расида буд. Аз синфи 5 то 8 назорати ҷиддии муаллимону мураббияҳо ва аз синфи 9 то 11 системаи худидоракунӣ ба роҳ монда шуда буд. Омӯзгоронро директори мактаб қабул ва озод мекард, на шуъбаи маорифи ноҳия. Муаллимони фаъолу таҷрибанокро интихобан ба мактаб-интернат даъват мекарданд. Ин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ Каримов Қосим, Алӣ Эгамқулов, Барот Муродов, Эмомалӣ Содиқов, Масамӣ Абдураҳмонов, Нур Насимов, Раҷабалӣ Шокиров, Вазир Назиров, Ҳабибулло Табаров, Шавсан Кабирова, Машариф Одинаев, Иззатулло Исматов, Назир Тошматов, Назар Зикруллоев, Мирзо Узбеков, Тоҷиддин Қурбонов, Назаралӣ Давлатов, З. Холназаров барин омӯзгорони донишманду бомаҳоратро аз ҳар гӯшаю канор даъват намуда, як коллективи хуб ташкил карда шуд.

Синфҳо байни худ мусобиқа доштанд ва ин мусобиқа тамоми фаъолияти хонандагонро дар бар мегирифт, сар карда аз интизоми намунавӣ доштан. Агар интизоми синф қаноаткунанда – хуб хол дода мешуд, ғайриқаноатбахш бошад, 40 хол ҷарима гузошта мешуд, ё агар ҳамон рӯз аз дарсҳо ягон нафар баҳои «2» нагирифта бошад, 15 хол ба синф дода мешуд ва агар нафаре баҳои «2» мегирфт, ба синф 30 хол ҷарима монда мешуд. Ҳамин тавр, тозагии хобгоҳ, синфхона ва дигар паҳлуҳои фаъолияти хонандагони мактаб ба ҳисоб гирифта мешуд ва ҳар бегоҳ баъди соати 22-и шаб комиссияи махсуси талабагӣ тамоми бурду бохти якрӯзаро ҷамъбаст менамуд. Рӯзи душанбеи ҳар ҳафта ҷамъомади саҳарӣ пеш аз дарс гузаронида мешуд ва мувофиқи ҷамъбасти комиссия ҷойҳои ифтихорӣ муайян карда мешуд. Ғолибон таҳсину офарин ва онҳое, ки қафомонда буданд, танқид мешуниданд. Синфе, ки бо гуноҳи ин ё он талаба дар ҷамъбаст холи паст гирифтааст, аз тарафи ҳамсинфонаш танбеҳ медид, то ки вай ислоҳ шавад.

Талабагон ҳар саҳар соати 6:00 аз хоб хеста, то соати 8:00 ба тарбияи бадан машғул мешуданд, ҷои хобашонро батартиб медароварданд, субҳона тановул мекарданд, дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ (линейка) иштирок карда, ба дарс омода мешуданд. Баъд аз дарс хӯроки нисфирӯзӣ ва сонӣ ду соат барои истироҳат ҷудо шуда буд. Баъди истироҳати нисфирӯзӣ ба синфхонаҳо баргашта, зери роҳбарии мураббиҳо ба тайёр намудани дарсҳо машғул мешуданд. Чи мушкилоте, ки дар рафти дарстайёркунии мустақилона пайдо мешуд, мураббӣ дарҳол омӯзгори ҳамон фанро ба синф даъват менамуд ва мушкилӣ бартараф карда мешуд. Баъди дарстайёркунии мустақилона хонандагон ду соати дигар истироҳат мекарданд ва аз рӯи шавқу рағбати худ ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул мешуданд. Баъди тановули хӯроки бегоҳӣ ба синфхонаҳо баргашта, машғули дарстаёркунӣ мешуданд. Хонандагони синфҳои 5-8 то соати 22:00 ва синфҳои 9-11 то соати 23:00-и шаб мустақилона дарс тайёр мекарданд.

Дар баробари муаллимону мураббиён аз ҳисоби фаъолони синфҳои болоӣ барои назорат ба дарстаёркунии синфи 8 роҳбарон таъйин шуда буданд ва ба рафти дарстайёркунии онҳо назорат мебурданд. Дар синфҳои болоӣ (9-11) бошад, сардорони синфҳо назорату роҳбарӣ мекарданд. Дар он солҳо қувваи барқи марказонидашуда набуд. Мактаб-интернат стансияи дизелӣ дошт, ки то соати 12:00-и шаб қувваи барқ медод, лекин хонандагоне, ки шавқу ҳаваси илмомӯзӣ доштанд, бо истифодаи лампаҳои каросинӣ дарс тайёр мекарданд… Яъне баъди ҳама хоб рафтан ин гуна талабагон лампаҳои карасиниашонро гирифта, дар гӯшаҳои синфхонаҳо, роҳравҳо дарс тайёр мекарданд. Банда низ дар чунин вазъ дарс тайёр мекардам.

Бисёриҳо бар ин андешаанд, ки имрӯз обрӯи омӯзгор каме коста шудааст. Сабабашро дар чӣ мебинед?

Ба андешаи мо обрӯи омӯзгор каме коста шудааст, лекин на ба он дараҷае, ки аз пешаи омӯзгорӣ даст кашем. Баръакс, мо бояд ҷидду ҷаҳд кунем, ки обрӯ ва нуфузи омӯзгорро барқарор намоем. Ин ба худи мо омӯзгорон вобаста аст. Ҳарчанд ки кори осон нест. Дар замони муосир тарзи дарсомӯзӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ тағйиротҳо ворид шудаанд, албатта вобаста ба инкишофи илму техника. На ҳама омӯзгорон ва донишҷӯён ба ин тарзи таълим омодаанд ва дуруст сарфаҳм мераванд. Аз тарафи дигар, омӯзгорони тасодуфӣ дар мактабҳои олӣ зиёд шудаанд ва бо андаке мушкилӣ ба вуҷуд омадан корро партофта мераванд, ки ин ба косташавии обрӯи омӯзгор оварда мерасонад. Ҷорӣ шудани системаи нави таҳсил ба назари ман дар шароити мо, яъне Тоҷикстон барвақттар буд, чунки фарҳанги хонандагон ва донишҷӯёни мо то он дараҷа нарасидааст. Масалан, сабақгардонӣ қариб ки аз байн рафтааст. На ҳама сабақгардонӣ мекунанд. Кори мустақилонаи донишҷӯ дар қоғаз мондааст, дар асл вуҷуд надорад. Ягона коре, ки дар ин ҷода дар онҷое, ки ман кор мекунам, конспект кардани асари безаволи Бобоҷон Гафуров “Тоҷикон” ва асари Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён То Сомониён” вақтҳои охир сару садоҳо пайдо шуданд, ки конспект кардани ин асарҳо бефоида аст, вақти зиёди донишҷӯро мегирад, ҳоло он ки донишҷӯ дар вақти конспект кардан ин асарҳоро мехонад, менависад, мебинад, ки ин аз фоида холӣ нест. Нутқи донишҷӯ фақат дар семинар шунида мешавад, агар ӯ тайёрӣ бинад. Солҳои пеш донишҷӯ омада аз кафедра нақшаи семинарро мегирифт ва дар кафедра ба семинар тайёрӣ медид ва аз муаллими кафедра, ки навбатдор буд, маслиҳат мепурсид. Ҳоло ин гапҳо нестанд. Баъд аз куҷо алоқаи байни омӯзгор ва донишҷӯ пайдо мешавад? Ҳатто мусоҳибаи пеш аз имтиҳонӣ низ нест. То солҳои наздик бо донишҷӯ дар имтиҳони давлатӣ бо дониши шифоҳии ӯ ошно мешудем, ҳоло ин ҳам нест. Ин бо он сабаб гаштааст, ки донишҷӯ мумкин, ки бо саволҳои тестӣ ҷавоб дода тавонад, вале нутқи шифоҳӣ надорад. Алалхусус, хатмкунандагони факултаҳои таъриху филология, ки дар ин ҷо ман дарс медиҳам, ин барои онҳо хеле зарур аст. Яке аз сабабҳои ба мактабҳо ба кор нарафтани хатмкунандагонро ман дар ҳамин мебинам.

Омӯзгори мактаби олӣ ба назари Шумо бояд чӣ гуна бошад?

Омӯзгори мактаби олӣ барои донишҷӯ аз ҳар ҷиҳат – кирдор, гуфтор, рафтор, муошират, муомила ва либоспӯшӣ бояд намунаи ибрат бошад.

Обрӯи омӯзгор дар кадом ҳолат мерезад? Чӣ сабабҳост?

Омӯзгоре, ки бе тайёрӣ ба дарс меояд, дарсшиканӣ мекунад, ба дарс дер мемонад, саҳлангорӣ ва бепринсипӣ кардан дар дарс, вайрон кардани интизоми меҳнат, дониши казоии ихтисосӣ надоштан, муносибати дағалона доштан бо донишҷӯ обрӯи омӯзгорро мерезонад.

Дониши донишҷӯи имрӯз Шуморо қонеъ мекунад?

Ками дар каманд донишҷӯёне, ки имрӯз дониши онҳо маро қонеъ гардонанд. Қисми ками онҳо оид ба азхудкунии техникаи имрӯза пешрафтанд, аммо аз хондани адабиётҳои бадеӣ ва ихтисосӣ қафо мондаанд.

Солҳои 1970-1971 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбиро адо намудаед. Мегуфтед, ки сабаб чист, ки имрӯз иддае аз ҷавонон аз хизмати артиш мегурезанд?

Дар ҳақиқат, аз ноябри соли 1970 то ноябри соли 1971 дар вилояти Қарағандаи собиқ ҶШС Қазоқистон хизмати Ватан-Модарро адо кардаам. Бояд гуфт, ки хизмати ҳарбӣ барои ман душворӣ надошт, чунки дар он макбаб-интернате, ки таҳсил кардаам, аллакай малакаи хизмати ҳарбиро ёд гирифта будам. Сабаби ҷавонон аз хизмат дар артиш саркашӣ кардан дар он аст, ки ҳоло ҳам ба тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон кам тавваҷӯҳ мекунем. Аз ин бар меояд, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба ин масала диққати даркорӣ дода намешавад. Холо ҳам ҷавонони синни хизматӣ ба тарзи хизмат дар артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно нестанд. Фикр мекунанд, ки ҳоло ҳам дар артиши Тоҷикистон мисли солҳои пешин (1993-1997) бенизомӣ ва бетартибиҳо вуҷуд дорад. Мо ҳамагон медонем, ки Артиши миллӣ аз ҳар ҷиҳат таъмин аст, чи аз сару либос, ҷои хоб, техникаи ҳарбӣ ва кадрҳои баландихтисос. Таклиф доштам, ки хуб мешуд барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ ба онҳое бартарӣ ва имтиёзҳо дода шавад, ки хизмати Ватан-Модарро иҷро кардаанд. Инчунин, чи тавре ки ҷавонон бегузаштан аз муоинаи тиббӣ аз қайди никоҳ гузаронида намешаванд, дар баробари ҳамин онҳое ба қайди никоҳ роҳ дода шаванд, ки хизмати Модар-Ватанро иҷро кардаанд.

Таманиёти Шумо!

Таманно мекунам, ки дар ватани мо ҳама вақт сулҳу амонӣ пойдор бошад ва пиру ҷавон аз қафои илму дониш бошанд.

Саломат бошед, устод!

Ташаккур барои мусоҳиба!

Мусоҳиб

Ҷаҳонгир РУСТАМШО

Related Articles

Leave a Comment