Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷойе расидаанд.
Қадру қимат ва манзалати ҳар як шахс дар ҷомеа ба рафтору гуфтор ва муносибати ӯ вобаста аст, зеро шахсият ва қадршиносияшро атрофиён баҳо дода, мувофиқ ба мавқеъ ва хизматҳояш ӯро эътироф мекунанд ва меписанданд. Барои ба атрофиён мақбул гардидан инсон мекӯшад, то роҳи росту ҳақро пайдо ва дар ҷодаи ҳақиқату адолат талош кунад ва то ба охир содиқ монад. Нафарони соҳибхираду дарёдил дар ин ҷода мекӯшанд, ба андозаи маърифати хеш тавассути хираду дониш муваффақ бошанд. Чунин шахсиятҳои фарҳангӣ ҷомеаро метавонанд бо илму хиради нофеи худ бобаракат гардонанд. Онҳо дар умри босамари хеш фақат як рисолат доранд, яъне мехоҳанд, ки ҷомеаро бомаърифату босавод кунанд, зеро ба гуфти Саъдии бузургвор:
Шарафи мард ба илм асту каромат ба суҷуд,
Ҳар ки ин ҳар ду надорад, адамаш беҳ зи вуҷуд.
Аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои фарҳангӣ устод Куган Изатуллоев буданд, ки умри азизи хешро сарфи илм ва таълиму тарбия карда, дар ин ҷода ба дастовардҳои воло ноил гардидаанд.
Камина, шогирди устоди хирадманду бозаковат, фурӯтану хоксор, омӯзгори асилу донишманд, дотсент, олими зиндаёд Куган Изатуллоев ҳастам. Пайваста аз ҳолу аҳволашон бохабар гардида, муҳим аз ҳама он аст, ки бо ҳамин васила аз суҳбати пурмӯҳтавою ниҳоят мароқовари он кас, ки ҳар як каломашон ҷанбаи панду насиҳат буд, баҳраманд мегаштем.
Бо амри тақдир дар аёми таҳсил, тадрис ва пажуҳиш аз як қатор донишмандон ва омӯзгорони мумтозу арҷманд, ки аз қабили Раҳматулло Акбаров, Самариддин Каримов, Шарифзода Ҷумъа Шариф, Қодиров Бозор Қодирович, Файз Гулмадов, Кабиров Ш., Мирзоев А., Мирализода А., Маҳмадулло Лутфуллоев, Нуъмонов М., Баҳрулло Файзализода, Фариддун Шарипов, Ислом Ғуломов, Ҷумъахон Алимӣ, Мансур Нӯъмонов, Раҷабов Тағаймурод, Нуров Абдулбоқӣ, Саторов Э., Туйчӣ Маҳмудов, Абдулло Табаров, Абдуллоев Маҳмуд Холович, Абдулҳаким Абдулазизов, Неъматов А., Исроилов С., Сайдалиев Азиз, Арабова З., Қурбонбӣ Даминова, Ҳамидов Маҳмадалӣ, Маҳмадулло Ибодов, Абдулвоҳидов Абдусаттор, Ҷурахон Ғуломов, Кенҷамо Маҷидова, Дилором Исоева, Тағоймурод Назаров, Муродалӣ Набиев, Худойдодова Шарофат, Давлатов Толқун, Табарова Зарторбӣ, Изатова Муҳабат, Садбарг Шералиева ва чанде дигар сабақи пурсуд бардоштаам ва ҳамчун шогирд аз раҳнамоӣ ва дастурҳои эшон ҳамеша шукргузорӣ дорам. Шукр аз он дорам, ки тақдир маро ба ин омӯзгорони донишманд рӯ ба рӯ сохт ва дар қатори онҳо устоди гиромиқадри ман Куган Изатуллоев низ буданд.
Дафтари хотираҳоро варақ мезанаму пеши назар симои ин устодони муътабарам аз ҷумла, Куган Изатуллоев шахсияти фарҳехтаю наҷиб, донишманду равшанфикр ҷилвагар мегардад. Ин устоди хирадманд ва инсони наҷиб баъди хатми факултети математика ва физикаи Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) муддате дар мактаби миёнаи «Комсомол» ба ҳайси муаллими фани математика фаъолият намудааст.
Соли 1966 дар озмуне, ки Институти давлатии педагогии Кӯлоб (феълан Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) барои ишғоли вазифаи муаллими кафедраи математикаи элементарӣ ва методикаи таълими он эълон карда буд, иштирок намуда, аз озмун бомуваффақият мегузаранд.
Он рӯзҳо, дар мактаби таҳсилоти миёнаи деҳаи дурдасте дар ноҳияи Данғара, синфи 8 «б» бо фазои илмомезу муҳаббати омӯзгорӣ шукуфо буд. Роҳбари синф — устоди фозил ва дилсӯз Изатуллоев бо меҳри беандоза ба ҳар як хонанда муносибат мекарданд, то дар қалби онҳо тухми маърифат биафшонанд. Вақте овозае паҳн шуд, ки устод ният доранд мактабро тарк гӯянд, дили шогирдон ба хурӯш омад. Онҳо, ки муҳаббати омӯзгорро бо ҷону дил эҳсос мекарданд, ин хабарро чун пайке талх пазируфтанд.
Пас аз дарс, гурӯҳи хонандагон бо нигоҳи умедбор ба назди устод омада, бо эҳтироми хоса хоҳиш намуданд, ки то анҷоми таҳсили онҳо дар мактаб бимонанд. Аз миёни он ҷавонони огоҳу эҳтиромшинос, ду шогирди фаъол — Кенҷаев Қосим ва навраси боистеъдоду фурӯтан Эмомалӣ Раҳмонов, бо забони ширину самимӣ, аз номи ҳамсинфон чунин гуфтанд: «Муаллими азиз, то моро ба ҳаёти мустақилона гусел нанамоед, розӣ нестем моро тарк намоед. Вақте ки мактабро хатм намудем, баъд бароятон иҷозати рафтанро медиҳем. Илтимоси аҳли синф ҳамин аст ва дастаҷамъона мепурсем, ки моро дар нимароҳ намонед…».
Ин ҳарфҳо, ки аз қалбҳо буд, ба дил менишастанд. Устод Изатуллоев бо дидаҳои пурнуру лабханди нарм гуфтанд: «Агар хоҳиши шумо аз сидқи дил аст, ман ҳам бо камоли майл мемонам». Ва ҳамин тавр шуд. Устод то охир, то лаҳзаи гусели онҳо ба роҳи ҳаёт дар бари онҳо монданд.
Солҳо гузаштанд… Ва имрӯз, бо ифтихору сарбаландӣ метавон гуфт, ки ҳамон навраси содиқу боодоб, он шогирди хоксору умедбахшанда- Эмомалӣ Раҳмонов, ба бахти миллати тоҷик, ба абармард ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ӯ на танҳо роҳбари давлат, балки Пешвои муаззами миллат, фарзонафарзанди замон ва чеҳраи дурахшони тоҷикон дар арсаи байналмилалист. Бо хиради сиёсӣ, рӯҳияи созанда ва садоқат ба мардум, Тоҷикистонро ба сӯи субот, рушд ва худшиносии миллӣ раҳнамун сохт. Имрӯз ҳар як фарзанди огоҳу ватандӯсти миллат бо ифтихор мегӯяд, ки чунин фарзонафарзанди миллат
Соли 1970 баъд аз оне, ки хонандагони синфашро ба ҳаёти мустақилона гусел намуданд, дар озмун иштирок намуда, аз озмун бомуваффақият гузаштанд ва аз 2-юми сентябри соли фавқ дар Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳозира Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи дар боло номбаршуда ба фаъолият оғоз бахшиданд.
Устод дар давоми фаъолияти педагогии худ дар баробари ба таълиму тарбияи донишҷӯён шуғл варзидан, ҳамчунин дар вазифаҳои муаллими калон, дотсенти кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ, мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ, ҷонишини декани факултети педагогика, декани факултети математика, дотсенти кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳои факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуадбдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намудаанд. Устоди варзида дар ҳама вазифаҳои хидматиаш баҳри рушду нумуи соҳаи маориф, фаъолияти Донишгоҳ, тарбия ва таёр намудани мутахасисон ҳамеша ғамхори зоҳир намуда, дар таёр намудани олимони соҳаи математика саҳми арзанда гузоштанд.
Ғановатмандии олами ботинӣ ва маънавии устод аз сиришти поки асолати аҷдодӣ, ҷавонмардӣ, хоксорию фурӯтанӣ, меҳнатдӯстию меҳнатқаринӣ ва рисолати шоистаи омӯзгорӣ бунёд ёфта буд. Устод олими дақиқназар, инсони шарифу нармгуфтор, омӯзгори навовар буд. Миёни аҳли маорифи ҷумҳурӣ ба кору амали неки созанда, фидокорӣ, ҳақбинию ҳақталошӣ ва поктинатии хеш соҳибмақом буд. Шогирдонро ҳамеша ба донишандӯзию ҳунаромӯзӣ, хизмати содиқона ба мардум ва маърифатгароӣ даъват менамуд. Устод рӯҳи тавонову устувор доштанд ва пайваста дар тарбияву камолоти мутахассисони соҳавӣ нақши шоиста гузоштанд.
Беш аз 23 сол бо устоди гиромиқадр пайванди маънавӣ доштем. Аз файзу хираду суҳбатҳояшон бархӯрдор будем. Аз зиндагии шоиста ва ибратомӯзи чунин устодон бармеояд, ки дар ҳақиқат онҳо тухмӣ дар дили марзи пок пошиданд ва бо нияти нек обёрӣ карданд ва дар сояи амният ва адолат ба самар расониданд.
Кас агар дар суҳбати устод менишаст, гумон мекард, ки ӯ адабиётшинос аст, на риёзидон. Аз эҷоди шоирони классик ва муосир ашъори зиёде медонистанд ва аксар вақт афкори хешро бо порчаи шеърие ва ё байте аз шоирони шинохтаву забардасти ниёгону муосир ҷамъбаст ва хулосабарорӣ менамуданд.
Агар дар бораи хислатҳои неки устод достон нависем кам аст ва дар як мақолаи кӯтоҳакак мо ҳар он чӣ гуфтание дорем, гуфта наметавонем, зеро кору фаъолияти устод хеле васеъ ва доманадору ибратомӯз буд ва танҳо ҳаминро гуфтанием, ки устоди мо намунаи даврон буд.
Агар умр вафои мекард имсол устоди зиндаёди мо ба синни мубораки 88 қадам мегузошт. Вале афсус, ки чанги аҷал 30.12.2024 устодро аз миёни пайвандону наздикон ва ҳамкасбон рабуд. Аммо номи неки онҳо дар сафҳаҳои таърих бо хати заррин навишта мешавад.
Акбарзода Маҳрам Нусратулло- дотсент, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ