Home АНДЕША ЗИЁИИ ХИРАДАФРӮЗ

ЗИЁИИ ХИРАДАФРӮЗ

by admin
21 views
Дар марҳилаи кунунии рушди босуръати тамаддунҳо, ки бо рақобатпазирии зеҳнӣ, пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим тавъам гардидааст, зарурати таҳкими пояҳои илмҳои дақиқу техникиву табиӣ беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мегардад. Дар миёни онҳо илмҳои географӣ, ки ҳадафашон омӯхтани қонунмандиҳои ҷойгиршавии табиат ва фаъолияти инсон дар фазои замин аст, нақши муҳиму калидӣ доранд. Омӯзиш ва фаҳми амиқи равандҳои иқлимӣ, демографӣ, захираҳои табиӣ, масоили маскуншавии аҳолӣ ва идоракунии муҳити зист, ҳама ба воситаи таҳқиқоти географӣ амалӣ мешаванд.
Ҳамин зарурат на танҳо зарфиятҳои илмии географияро боло бурдааст, балки рисолати омӯзгорон ва мутахассисони ин соҳа низ аҳамияти тоза пайдо намудааст. Омӯзгорони фидоие, ки дар баробари дониш ва таҷрибаи илмӣ, мактаби хос, диди навоварона ва садоқати самимӣ ба таълиму тарбия доранд, манбаи илҳом ва рушд барои наслҳои навин ҳастанд. Дар ин замина, намунаи барҷастаи шахсиятҳои таъсиргузори илми география дар кишвар устоди иззатманд, омӯзгори асилу муаллими заҳматпеша-Баротов Ҷумахон Қосимович мебошад, ки бо мактаби вижаи омӯзгорӣ, садоқат ба касб ва меҳри беандоза ба пеша дар тарбияву омоданамоии ҳазорон мутахассисони соҳаи география нақши муассиру мондагор дорад.
Баротов Ҷумахон Қосимович 13-уми октябри соли 1957 дар деҳаи Лангурихои ноҳияи Шурообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин)-и вилояти Хатлон дар хонадони коргар ба дунё омада, яке аз чеҳраҳои барҷастаи илму маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Ӯ таҳсилоти миёнаи умумиро дар мактаби №27 ноҳияи Восеъ анҷом дода, сипас солҳои 1976-1980 дар факултаи табиатшиносӣ ва географияи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) таҳсил намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1980 оғоз намуда, дар тӯли солҳои 1980-1994 ҳамчун омӯзгор, баъдан дар вазифаҳои мудири кафедраи биология (1994-1996) ва мудири кафедраи география (2012-2021) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кор намудааст. Аз соли 2021 то ба имрӯз дар вазифаи дотсенти кафедраи география ва сайёҳии ҳамин донишгоҳ фаъолият дорад.
Ӯ соли 2011 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Хусусиятҳои иқтисодию географии ташаккулёбӣ ва инкишофи маскуншавии аҳолии минтақаи Кӯлоб” бомуваффақият дифоъ намуда, дар ин замина яке аз аввалин муҳаққиқоне мебошад, ки масоили маскуншавии аҳолии минтақаи Кӯлобро таҳқиқ кардааст. Дар ин самт беш аз 150 мақолаи илмӣ ва як қатор осори илмӣ, аз ҷумла китоби «Географияи минтақаи Кӯлоб» (2015) таълиф ва нашр кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2004) сарфароз гардидааст.
Барои банда боиси ифтихору шарафмандист, ки таълими касбу пеша ва роҳи ҳаёту инсониятро аз мактаби ин зиёии хирадафрӯз ва омӯзгори синасӯз омӯхтаам. Аз нигоҳи шахсии ман ҳамчун шогирд ва имрӯз ҳамкори устод, Баротов Ҷумахон Қосимович на танҳо омӯзгори асил, балки мураббии шоиста, шахсияти воло, дӯсту раҳнамои донишҷӯён ва рамзи устувори омӯзгор мебошад. Дар ҳама марҳилаҳои таҳсили донишҷӯӣ, аз рӯзҳои аввали ба дарс омадан ва дар замони фаъолият ба сифати ҳамкор эҳсоси гармию раҳнамоии падарона ва муҳити дӯстонаи омӯзиширо бо садоқату инсонияташон муаттару мунаққаш гардонидаанд.
Устод бо равиши фардӣ, таҳаммулпазирӣ ва фаҳми баланди психологияи ҷавонон ба ҳар як донишҷӯ наздик мешавад, онҳоро водор месозад, ки фикр кунанд, таҳлил намоянд ва аз ҳама муҳим, ба илм дил банданд. Бо истифодаи беҳтарин усулҳои таълимӣ, аз ҷумла тарзи кор бо атлас, харитаҳои ҷуғрофии гуногун, таҳлили сохторҳои геоморфологӣ ва иқлимӣ, устод тавонистанд равишҳои муосири таҳқиқи географиро дар дарсҳо амалӣ намоянд.
Аз нозукиҳои хосси тарзи таълимии устод метавон ба таҳаммулпазирӣ дар шарҳи мавзуъ, бо далелу арқоми дақиқ шарҳ додани равандҳо ва тавони мутобиқсозии маълумоти назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ ишора кард. Муносибати устод бо донишҷӯён на танҳо бар пояи интиқол додани дониш, балки бар пояи эҳтиром, дастгирӣ ва рӯҳафзоӣ асос ёфтааст. Имрӯз ин меҳру муҳаббат ва раҳнамоиву дастгирии хирадмандонаву падаронаи устод ба маротиб афзун гардида, ҳидоятгари мо дар пешбурди фаъолияту ҳаёт аст.
Бо самимият иброз медорам имрӯз, ки шарафи кор дар паҳлуи чунин шахсиятро дорам, ҳар рӯзи ҳамкорӣ бо устод барои ман идомаи раванди таълим аст. Рафтору гуфтор, таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва пос доштани арзишҳои касбӣ аз ҷониби устод Баротов Ҷумахон Қосимович, барои мо- муаллимони ҷавон, мактаб ва намунаи воқеии омӯзиши касб мебошад.
Устод барои ҳар як шогирд на танҳо роҳбалад дар илм, балки дар зиндагӣ низ намунаи арзишҳои инсониву ахлоқӣ ҳастанд. Бо вуҷуди дастовардҳои бузург ва таҷрибаи зиёди илмӣ, ҳамеша бо рӯҳи болида, дили гарму сухани умедбахш ҳамкорон ва шогирдони худро илҳом мебахшад.
Қобили зикр аст, дар замоне ки илмҳои техникӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти демографӣ моро ба чолиш мекашанд, ҷойгоҳи шахсиятҳое чун Баротов Ҷумахон Қосимович дар самти рушди илм, омӯзиш ва ташаккули афкори илмии насли ҷавон басо арзишманд ва тақдирсоз аст. Мактаби омӯзгории устод, ки бар пояи муҳаббат ба илм, садоқат ба шогирдон ва фаҳми амиқи вазифаҳои муҳими география бунёд ёфтааст, сарвати миллӣ ва захираи арзишманди маънавии ҷомеаи илмии кишвар маҳсуб мешавад.
Бо эҳтирому самимияти хоса ба устод, орзуманди онам, ки ҳамеша тандурусту бардам бошанд ва мо-шогирдону ҳамкорон, ҳамеша аз мактаби пурғановати илмӣ ва инсонии эшон баҳра барем.
Нозимова Ибодатхон Исмонҷоновна, асистенти кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment