Ба авҷи сарбалаҳо талоши хоксорӣ кун,
Ниҳоли ин дарахт гар реша дорад, дар замин дорад.
Сухан дар бораи шахсияте меравад, ки рафтору кирдораш пурра ба байтҳои дар боло зикршуда мувофиқат мекунад. Ин шахсият дӯст ва бародари некноми ман- Саъдӣ Маҳдӣ (Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ номи расмӣ), мебошад, ки барои ман бо чунин инсонҳо ошноиву ҳамкориву рафиқӣ мояи ифтихор аст. Расо 35 сол пеш ману Саъдӣ Маҳдӣ ҳамчун муаллими ҷавон дар кафедраи забони тоҷикӣ ба пешаи омӯзгорӣ қадам гузоштем.
Шиносоии ман бо он кас хеле хотирмон ва фаромӯшнашуданӣ боқӣ монд. Бо вуҷуди он, ки аз моҳи сентябр дарсҳо шуруъ шуда буд, вале ба таври воқеӣ бо устод Саъдӣ ҳангоми ба пахтачинӣ сафарбар намудани донишҷӯён ошноӣ пайдо намудем. Устодони калонсол ба як ҷавони хеле зебо ва паҳлавонпайкар рӯ оварда гуфтанд, ки: “Ин кас шогирди мо Саъдӣ Исматов бисёр ҷавони донишманд ва боғайрат аст. Ба хотири дониши аъло ва муваффақиятҳои барҷастааш ин касро ба кор гирифтем”. Вале ҷолибаш ин ки маро хатмуттаҳсили ДМТ-ро, днишҷӯи муваффақро, бо саволборонаш қариб шарманда карда буд, вале ба ҳар ҳол ҳамаи қудрату донишамро истифода карда, бо як азоб аз ин ҳолат худамро баровардам. Сипас, маълум гашт, ки Саъдӣ Исматов, муваффақтарин донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб будааст. Аммо ин таҷрибаи бузург дар зиндагӣ барои боз ҳам зиёдтар омӯхтану дониш аз худкардан буд. Яъне, маро таҳрик барои бисёр хондан кард.
Баъдан, бисёр рафиқи хуб шудем. Бо раҳнамии устодони хуби ҳамонвақта Саидов Раҳим, Солиев Ҳабибуло, Мирзоев Ғоиб, Алиев Аҳмад, Сабзаев Саидқул, Қодиров Рустам, Сангов Қаюм ҳамчунин, устодони некноми соҳаи адабиёт Саидҷаъфаров Шоҳвалӣ, Содиқов Ёралӣ, Икромов Искандар оҳиста-оҳиста ба марҳилаҳои хубтару беҳтари таълиму тарбия ва илм ворид шудем.
Бад-ин минвол метавон гуфт, ки дар баробари ҳамкориву рафиқи хуб ман дар симои Саъдӣ Маҳдӣ хислатҳои беҳтарини инсонӣ: садоқат, самимият, ростгӯиву росқавлӣ, поквиҷдонӣ, вафодорӣ дар дӯстиву бародарӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ эҳсос кардам. Ва он чи ки манзалати ӯро ба маротиб баланд мекунад, ростгӯ ва ватанпарастии воқеии ӯ мебошад. Ҳар он чи ки дар зидагӣ устод Саъдӣ Маҳдӣ ба даст овардааст, бо туфайли меҳнату заҳмати чандинсолаи шабонарӯзии он кас мебошад. 35 сол боз монда нашуда, пайваста дар таълиму тарбияи насли ҷавон, таҳқиқу таҳлил ва баррасии масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тайёр намудани васоити таълимӣ барои донишӯёни мактабҳои олӣ ва услҳои таҳқиқ бо як қатор олимони шинохтаи соҳаи журналистика ва самти забоншиносӣ саҳми боризи худро гузошта истодааст. Дар баробари ин, дар соҳаи публитсистика хизматҳои шоистаи он касро қайд намудан хеле муҳим аст. Маводу мақолаҳои ҷаззобу ҷолиб ва рӯзмарраи Саъди Маҳдӣ вобаста ба масъалаҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайваста дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ, аз ҷумла «СССР» ва дигар васоити ахбори оммаи машҳури кишвар рӯи нашр омадаанд ва ҳанӯз ҳам фаъолияти илмӣ ва эҷодии устод Саъдӣ Маҳдӣ идома дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки Саъдӣ Маҳдӣ чун дигар дилбохтагони илму дониш дар душвортарин лаҳзаҳои зиндагӣ, нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз илм канда нашуд, бо сари баланду сарфарозӣ рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд, ба шогирдон илм омӯхт, таълим дод ва мушкилоти хонаводагии худро низ мардонавор иҷро намуд ва тавонист, ки фарзандони донишмаду бофарҳанг ва худогоҳу масъулиятшиносро тарбия намояд.
Барои исботи гуфтаҳои боло лозим донистем, ки шамае аз рӯзгор ва фаъолияти эҷодии устод Саъдӣ Маҳдиро пешниҳод намоем.
Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ 9-уми июли соли 1967 дар деҳаи Саричашмаи хоҷагии ба номи Шаталов (ҳоло С. Зарифов)-и ноҳияи Кӯлоб дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, солҳои 1974 -1984 мактаби миёнаи №25-и ш. Кӯлобро хатм кардааст. Соли 1984 ба ҳайси колхозчии колхози ба номи Шаталов кор кардааст.
Соли 1985 ба курси якуми факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии ш. Кӯлоб (ИДПК) дохил шуда, соли 1990 онро хатм намудааст. Солҳои 1994-1998 аспирантураи ДМТ-ро хатм карда, ҳамчунин, фаъолияти омӯзгории худро аз соли 1990 то 2001 омӯзгори кафедраи забони тоҷикии Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб идома дода, аз соли 1999 ба вазифаи муаллими калони кафедраи мазкур таин гардидааст. Аз соли 2001 то феврали соли 2016 муаллими калон ва баъд (2007) дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ шуда кор кардааст. Соли 2004 дар мавзуи “Вожаҳои ифодагари кулоҳ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Аз декабри соли 2008 то моҳи майи соли 2012 дар вазифаи директори маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ фаъолият карда, ҳамзамон, аз соли 2009 то соли 2011 ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»ро ба уҳда доштааст. Дар ин солҳо дар баробари кор дар маркази табъу нашр дар кафедраи забони тоҷикӣ дар факултетҳои ғайриихтисосӣ ба таълими фанни забони тоҷикӣ машғул гашта, аз моҳи майи соли 2012 то феврали соли 2016 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ- ро бар уҳда доштааст. Аз 16 феврали соли 2016 ба вазифаи декани факултети журналистика таъин шуда, то моҳи марти соли 2021 дар ин вазифа кор кардааст. 5-уми марти соли 2021 бо қарори Ҳукумати ҶТ, таҳти №71 директори Академияи ВАО таъин шудааст.
Муаллифи 3 монографияи илмӣ, 1 китоби дарсӣ, 2 маҷмӯаи мақолот, 5 дастури методӣ ва зиёда аз 200 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Барои хизматҳои шоёни давлатӣ дар солҳои гуногуни фаъолияташ ба чунин унвонҳо сазовор гаштааст: Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2012), Аълочии маориф ва илм (2020), Аълочии ТВР (2023), ҳамчунин, ба Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм (2014) лиқ дониста шудааст. Дар баробари ин, ба Медали “Хизмати шоиста” (2022) ва муваффақиятҳои беназир дар соҳаи журналистика ба“Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ (2023) мушараф гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд буда дар айни замон узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Устоди донишманд дотсент Саъдӣ Маҳдӣ доимо дар такопӯи илм буда, таълифотҳои зеринро ба анҷом расонидааст:
- Тоҷ андар “Шоҳнома”. — Душанбе: Деваштич, 2009. — 166 с. (монография);
- Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултаҳои физика ва риёзӣ) — шариктаълиф Қурбонов С.). Душанбе: Эр-граф, 2010. – 150 с.;
- Вожаномаи мухтасари соҳавии русӣ ба тоҷикӣ (шарикт. Кабиров Ш., Қурбонов С.). — Душанбе: Эр-граф, 2010. – 96 с;
- Калимаҳои ташдиддор. (шарикт. Қурбонов С., Ҷӯраева Б.) – Душанбе: Эр-граф, 2010. – 60 с.;
- 33 мақола (маҷмӯаи мақолот). Душанбе: Баҳманрӯд, 2011, 199 с.;
- Сирри рақамҳо (шарикт. Қурбонов С.). Душанбе: Баҳманрӯд, 2012. 40 с.;
- Забони тоҷикӣ (китоби дарсӣ барои факултаҳои физика ва риёзӣ) – шариктаълиф Қурбонов С.), Душанбе: Баҳманрӯд, 2014. (Нашри 3 – 2016) — 242 с.;
- Ормонҳои миллии ман. Душанбе: Баҳманрӯд, 2015. — 204 с;
- Номҳои тоҷикӣ. Душанбе: Эр-граф, 2017, 40 саҳ;
- Усули таҳқиқ. Душанбе, 2019, 200 с. (шарикталиф Имомзода М., Бахтиёри Қутбиддин) (Рисолаи илмӣ);
- Вожаҳои сарулибос ва оинҳои тоҷикӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. — Душанбе: “Нӯшбод”, 2022. 160 с. (монография).
Дар баробари ин, устод Саъдӣ Маҳдӣ ҳамчун шаҳрванди воқеӣ ва яке аз пайравони мактаби бузурги сиёсиии маорифпарваронаву фарҳангсолоронаи Президенти маҳбуби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ, ватандӯстӣ, этиром ба арзишҳои миллӣ саҳми боризи худро гузоштааст. Дотсенти воқеӣ, Саъдӣ Маҳдӣ дар ҳар куҷое, дар ҳар вазифае, ки тайъин гардидааст, бо масъулияти баланду кордонии вижа фаъолият намуда, дар он самту соҳа нақши муассиру мондагоре мегузорад.
Исботи ин гуфтаҳо, мураттибии 3 маҷмуаи мақолоҳо дар Муассисаи далатии Академияи ВАО: Воситаҳои ахбори омма дар ташаккули давлатдории миллӣ. — Душанбе: Нӯшбод, 2021. -192 с.; Публитсистика ва баъзе масъалаҳои он (маҷмуаи мақолаҳои Конференсияи ҷумҳуриявӣ). — Душанбе, 2023. -188 с.; Воситаҳои ахбори омма пас аз иҷлосияи таърихӣ. — Душанбе: Аршам, 2024, 164 с. мебошад.
Дар баробари вазифаи муҳиму масъулиятнок ба хотири манфиати арзишҳои миллӣ, ҳуввияту худшиносии миллӣ тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, устод Саъдӣ Маҳдӣ дар шабакаҳои иҷтимӣ фаъолияти густурда дорад. Он кас ҳамчун муассиси гурӯҳи “Ормонҳои миллӣ” бо ҳамроҳи беҳтарин шахсиятҳо, аз қабили журалистон ва донишмандони фарҳехта ҳамчунин, ифтихори журналистикаи муосири тоҷик- Сайёфи Мизроб, матлабҳои пурмазуну пурмуҳтаво вобаста ба масъалаҳои забон, адабиёт, пулитсистика, таъриху фарҳанг ва амсоли инҳо рӯйи чоп меоваранд.
Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки устод Саъдӣ Маҳдӣ яке аз муборизони воқеии ҷодаи илму фарҳанг ва соҳаи журналистикаи замони муосири тоҷик буда, тамоми ҳастии хешро ба он бахшидааст. Ва боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки чунин шахсияти донишманду бофарҳанг хатмуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубадуллоҳи Рӯдакӣ, яке аз бонуфзтарин ва куҳансолтарин боргоҳи илму маърифат мебошад, ки на танҳа барои тайёр намудани мутахассисони илмву педагогӣ ҳачунин, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми бузург дорад.
Ва метавон гуфт, ки роҳи тайнамудаи устод Саъдӣ Маҳдӣ роҳи мубориза барои ба даст овардани илму дониш ва камолоти маънавӣ буда, ин роҳи пуршарафу саодатбори душворро бо сари баланд ва сарфарозиҳо тай намудааст.
Дар ин рӯзҳои фараҳбахшу хотирмон, ки ҷомеаи фарҳангии кишвар ба истиқболи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таманнои хаёру ёддошти неку баён намуда истодаанд, ёдоварӣ аз хизматҳои фарзанди маънавиву фарҳангии ин боргоҳи илму маърифат- Саъдӣ Маҳдӣ, боиси ифтихору сарфарозии мост. Ба ин муносибат дотсент Саъдӣ Маҳдиро табрику муборакбод намуда, ба он кас саломатӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорем.
Тоиров Шермуҳамад, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ