(асрори “…факултетро бо туву туро ба Худо месупорам”)
Рӯзҳои охири хатми донишгоҳ барои супоридани имтиҳоноти давлатӣ омодагӣ мегирифтам ва боре дар бораи фаъолияти оянда, яъне омӯзгор шудан, боз дар донишгоҳ андеша накарда будам. Махсусан, дар донишгоҳ, зеро устодони мо мисли шодравон Иззатулло Тамлихоев, Соат Чалишев, Аҳмад Алиев, Қаюм Сангов, Ғоиб Мирзоев, Грез Иброҳимов, Ёралӣ Содиқов, Абдулҳай Қаландар, Маҳтовбӣ Мирзоева ва дигарон худро аз мову донишамон то андозае, ки майлу хоҳишат бедор гардад, қаноатманд нишон намедоданд. Ин боис гардида буд, ки дар бораи кор дар донишгоҳ тамоман андеша накунам.
Чун омӯзгор шудам, рӯзгор бароям ин сирро кушод. Ҳар шогирдеро, ки андак аз ҳамсабақонаш пеш мегузашт, таъриф карда миёни ҳамдонишон фарқ мегузоштам, ба қавле “аз худ мерафт” ва табиаташ дигар мегардид. Аз устодони худ, ки дар ин масир бароям раҳм накарда ояндаи рушанеро ҳадяам намуданд, қаноатманду сипозгузорам. Поси ҳама хидмат ва “ҷабрҳои созандаашон” сари таъзим фуруд меорам. Шумо ҳамеша барои мо шогирдон улгу будед ва хоҳед монд.
Замоне қадам ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2006) (ҳоло филологияи тоҷик ва журналистика) гузоштам, устодоне бароям дарс гуфтанд, ки мавриди эҳтироми хосу ом қарор доштанд. Дар ин миён устод Грез Иброҳимов, ки “Мурғи сухан” ва гоҳе “Балбули сухан” номаш мебурданд, бо суханварию хушгуфторӣ ҳаводори бештаре доштанд. Гузашти вақт дар дарси устод Грез Иброҳимов тамоман эҳсос намешуд. Ҳамагӣ дарси устод Грез Иброҳимовро бесаброна интизор мешудем. Муаллими воқеӣ, донишманд ва инсони рӯзгордидаи ба қавли халқ пухтаанд, ки ин гуна баҳогузорӣ шоистаи ҳар кас набуду нест.
Пайвастанам ба донишгоҳ
Тақдир ба мо имкон дод, ки фаъолиятамро аз кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, ки он вақт устод Ғоиб Мирзоев роҳбарии онро уҳда мекарданд, оғоз намоям. Вақте моҳҳои охири хатми донишгоҳ буд, як рӯз устод (Ғоиб Мирзоев) даъват карда, гуфтанд: “Туро дар кафедра ба кор мегирам, агар мудирони дигар гӯянд, гӯед, ки устод Мирзоев, аллакай, маро ба кор гирифт. Боз гапамро фаромӯш накунӣ”. Ин лаҳзаест, ки ҳеҷ гоҳ онро фаромӯш намекунам. Дар хобу хаёл ва тасаввурам кор дар донишгоҳ набуд. Маҳз бовариву самимияти устод сабаб гардид, ки ин роҳро интихоб намоям. Яъне муҳаббату самимияти нафаре, ки бо ӯ итминони комил дорӣ, метавонад роҳи зиндагиатро тағйир бидиҳад. Ин гуна дастгириҳо бо тавсияи устод баъди фаъолият дар кафедраи мазкур идома ёфтан гирифт. Пас аз фаъолияти начандон зиёд ба вазифаи ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ (дар он замон роҳбарии факултаро устод Грез Иброҳимов ба зимма доштанд) таъйин гардидам. Дар воқеъ, фаъолият бо чунин афрод хастанопазир буд. Албатта, дар давоми фаъолият камбудиҳо зиёд буданд, боре ҳам нашудаст, ки сухани ноҷое, носазое ва ё дуруште гуфта бошанд. Боз тавсия медоданд, ислоҳ мекарданд, меомӯзониданд ва тарбия мекарданд. Ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад, ки устод Грез Иброҳимов наздам меомаданду ҳолпурсӣ мекарданд ва мегуфтанд: “Ман факултетро бо туву туро ба Худо месупорам. Нигоҳ кун, ки маро коре пеш омадааст ва супориши маъмурияти донишгоҳро бояд иҷро намоям”. Яъне чунин самимияту боварӣ ба зердаст, волотарин хислати инсонист. Чунин дастгириҳо дар ҷараёни дарс ва баромадҳо дар семинари илмӣ-методии назди кафедра низ аз ҷониби устод Ғоиб Мирзоевро беинтиҳо медонам. Маҳз тавсияву тарбияи ин мардони озмуда буданд, ки имрӯз идомадиҳандаи кору пайкори эшон ҳастем. Хеле миннатдорам аз чунин мардони фидоӣ ва инсонҳои наҷиб.
Вақте навиштани матлабро оғоз намудам, ҳеҷ натавонистам аз нишони кориам нависам, зеро ҳанӯз ҳам худро ҳамон шогирде меҳисобам, ки устод Грез Иброҳимов дастам гирифту мисли кӯдаке, ки нахустин қадамҳои худро мегузошт, қадам заданро омӯзонд, шебу фароз ва нозукиҳои кор ва муносибатро омӯзонд. Ҳанӯз ҳам худро назди устод ҳамон шогирди навкору навқаламу навтаҷриба медонам ва аз шогирди устод буданам ифтихор мекунам. Зеро Худованд маҳз тавассути заҳматҳои эшон бароям мақоми омӯзгору тарбиятгарро насиб гардонид. То замоне ҳамстам назди заҳматҳои бузурги Шумо устодони азизам, сари таъзим фуруд меорам.
Грез Иброҳимов ба чор бародар ва ҳамсарам низ таълим додааст, ки эшон низ ёддошти хубу аҷибе аз дарсҳои устод доранд. Меҳру муҳаббат ва самимият нисбати устод дар дилу дидаи шогирдон мақоми шоиста дошта, ҳамеша бо некӣ аз ин марди хирад ёд мекунанд.
Чун болотар ишора кардам, фаъолияти худро аз вазифаи ҷонишини декан оид ба корҳои тарбия, ки Грез Иброҳимов декани факултет буданд, оғоз намудам. Рӯзҳои аввал кор бароям хеле душвор буд, аз куҷо оғоз карданамро намедонистам. Дастуру супоришҳоро ба андозаи хостаҳои декани факултет иҷро карда наметавонистам, лекин дар ивази ҳамаи ин бисёр бо нармӣ ва меҳрубонӣ вақт ёфта ислоҳ карда, тарзи дурусти онро бароям нишон медоданд. Ин раванд анқариб сол идома ёфт, лекин як маротиб ҳам ба касе онро ҳавола накарда, таҳаммулпазирона бароям омӯзонид ва ҳамеша шӯхиомез таъкид менамуд, ки “парво накун…” кор кун дар давоми фаъолият пухта шуда, ҳамашро ёд мегирӣ. Маҳз ҳамин таскинҳо умедро дар қалбамон зиёд намуда, завқро дар замирамон бедор сохт, боре истинтоқ накард, қошу қавоқ наандохт, бахилӣ накард, ҳасудӣ наварзид, даст гирифту аз тарбияааш лаззат бурд ва рисолати инсониашро иҷро кард.
Масъулиятшинос будан, яъне вазифаи инсонию давлативу хизматии худро аз рӯйи виҷдон, саривақт ва босифат иҷро намудан, тамоми тавон ва неруи зеҳнии худро барои иҷрои вазифаи гузошташуда равона намудан аст. Нафари масъулиятшиносро ҷомеа қадр менамояд, ба хизматҳояш арҷ мегузорад ва ӯ дар ҷомеа мавқеъ пайдо мекунад ва шинохта мешавад. Аз тарафи дигар масъулиятшинос касест, ки заҳмати шабонарӯзӣ мекашад, худашро азоб медиҳад ва вақти худро дар роҳи иҷрои вазифаву хидмат ба халқ сарф менамояд ва хизмат ба ватанро қарзи фарзандии худ медонад.
Мо дар рафтор, гуфтор ва симои устод Грез Иброҳимов маҳз ҳамин хислати наҷиб — масъулиятшиносиро дарёфтем. Дар ҳар ҷодаи кор он маконро обод ва соҳаи худро пешсаф гардонидааст. Дар ҷодаи илм низ муваффақ буда, таълифоти зиёд дар рушди илми педагогикаи ватанӣ ба нашр расонидааст.
Устоди азиз, Шумо ҳамчун як шахсияти ҷонфидо ва заҳматқарин барои мо шогирдон эҳтироми шоиста доред. Мо шогирдон ҳамеша аз дастгириву қадршиносии Шумо, ки боиси рушду равнақи ҳаётии мо гардид, сипосгузору қаноатманд ҳастем. Умри пурбарору пур аз муваффақияти Шумо дарси бузург ва намунаи олии зиндагии шоиста ва қобили пазиришу ҳасади сафед бурдан аст. Бароятон иқболи наку, сиҳатмандии ҳамешагӣ, мисли таъкиҳоятон: Илоҳо ҳеҷ гоҳ касал нашавед. Муҳаммад Ғоиб назме дорад, мисли ин ки барои Шумо эҷод шуда бошад:
Доно ҳама умр сарҳисобаш ёбад,
Аз синаи дашти хушк обаш ёбад.
Дил хонаи дониш аст дар чашми хирад,
Аз мардумакаш ҳарфи китобаш ёбад.
Илоҳо, сарҳисоби ҳамаи мушкилоти асроромези зиндагӣ бароятон дастрас бошад.
Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ