Имрӯз, 11 октябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар заминаи ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳадафи татбиқи пайгиронаи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти Олии кишвар, ҷаласаи ғайринавбатии Шурои илмӣ-методии муассиса баргузор гардид. Дар доираи ҷаласа мулоқоти ректори донишгоҳ бо масъулини қисми таълим ва мудирони кафедраҳо доир шуд, ки ҳадафи аслии он вусъат бахшидани раванди амалигардонии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маорифу илми кишвар ҷиҳати беҳтаргардонии сатҳу сифати таълим дар назар дошта мешавад.
Дар ҷараёни ҷаласа, ректори донишгоҳ ба зарурати татбиқи фарогири сиёсати таълимӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандону омӯзгорон, таҳкими сифати таълим, назорати ҷиддии ҳуҷҷатгузории таълимӣ ва муназзам намудани раванди омӯзиш ишора намуд. Ҳамчунин дар идома ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар робита ба раванди таълму тадрис дастуру супоришҳои қатъӣ ироа гардида, аз масъули иҷрои бетаъхири онҳо тақозо карда шуд.
Зимнан гузориши сардори раёсати таълими донишгоҳ Саидзода Қурбоналӣ «Доир ба ҳолат ва вазъи қайди мавзуъҳо дар дафтарҳои гурӯҳҳои таълимӣ» пешниҳод гардида, камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар ин самт ба мизони таҳлилу баррасӣ кашида шуд. Дар ин робита ҷиҳати бартарафнамоии мушкилоту норасоии ҷойдошта аз ҷониби раёсати донишгоҳ дастуроти мушаххас арз гардид. Таъкид гардид, ки сифати таълим бевосита ба танзими дақиқи ҷараёни таълим вобаста аст ва таъмини ҳуҷҷатгузории пурраву саҳеҳ замина барои таҳлили воқеии сифати омӯзиш мебошад.
Дар пояи муҳтавои ҷаласа метавон ба таври мушаххас хулоса кард, ки тадбирҳои андешидашуда дар донишгоҳ ҷавобгӯ ба дастуру нишондодҳои ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм буда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳкими низоми идоракунии дохилӣ, боло бурдани масъулияти касбии омӯзгорон ва фароҳамсозии фазои донишандӯзии босифат нигаронида шудаанд.