Home Без рубрики УСТОДИ ФИДОКОРИ ИЛМ ВА МАОРИФ

УСТОДИ ФИДОКОРИ ИЛМ ВА МАОРИФ

by admin
13 views

Султонов Сулаймон — яке аз пайравони барҷастаи мактаби илмии физикаи назариявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар рушду инкишофи илм ва маориф нақши босазо гузоштааст. Муаллим, устод, омӯзгор… Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем, дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсияте ҷилвагар мешавад, ки тамоми ҳаёти хешро ба тарбияи насли наврас бахшидааст.

Бо фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва тарбиявии худ, устод саҳми арзандае гузошта, на танҳо мутахассисони соҳа, балки инсониятпарварони воқеиро тарбия намудааст. Ба чунин шахсиятҳои барҷаста устоди зиндаёд, дотсент, номзади илмҳои физика ва математика Султонов Сулаймон шомил аст.

Султонов Сулаймон 20-уми июли соли 1938 дар шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дар оилаи коргар ба дунё омада, 3-юми феврали соли 2005 дар шаҳри Кӯлоб аз олам даргузаштааст.

Ӯ соли 1964 факултети физика-математикаи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро хатм намудааст. Соли 1983 унвони номзади илмҳои физика ва математика ва соли 1990 унвони дотсентро ба даст овардааст. Бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» дар соли 1998 қадрдонӣ шудааст.

Фаъолияти педагогии худро Султонов аз соли 1965 дар Донишкадаи педагогии Кӯлоб оғоз намуда, дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, мудири кафедраи физика ва декани факултети физика (солҳои 1984-1994) фаъолият намудааст. Аз соли 2000 то охири умр мудири кафедраи методикаи таълими физика ва математикаи металлҳои Донишгоҳиаи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Султонов доир ба ҳосил кардани монокристаллҳо ва хосиятҳои физикӣ-химиявии маводҳои нави фотоэлектрикӣ дар асоси нимноқилҳои мураккаб таҳқиқоти ҷиддӣ анҷом додааст. Ҷустуҷӯҳои илмии ӯ асосан бо методикаи таълими физика дар мактаб ва такмили практикумҳои физикӣ алоқаманд буданд.

Ӯ муаллифи зиёда аз 10 дастури методӣ ва беш аз 80 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти омӯзгориаш ҳамчунин 3 дастури таълимӣ ва 2 китоби илмӣ ба табъ расонидааст.

Бо ташаббуси ӯ чандин лабораторияҳои факултети физика, аз қабили «Практикуми физикӣ», ВТТ, астрономия ва технологияи материалҳо аз нав ташкил карда шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии худ, устод Султонов дар курсҳои такмили ихтисос дар Донишгоҳи давлатии Москва (соли 1968), Донишгоҳи шаҳри Қазон (1978) ва Донишгоҳи шаҳри Тошканд (1980) ширкат варзида, солҳои 1971-1974 дар аспирантураи Институти физикаю техникии ба номи С. Умарови АИ ҶТ таҳсил намудааст. Рисолаи илмии худро дар Донишгоҳи давлатии Москва ҳимоя кардааст.

Барои фаъолияти пурсамари таълимӣ ва тарбиявӣ, ӯ борҳо бо ифтихорномаҳои фахрӣ аз ҷониби ДДК, Вазорати маорифи халқ ва Иттифоқи касабаи мактабҳои Тоҷикистон ва собиқ СССР қадрдонӣ шудааст.

Устод дар соли 1987 бо нишони сарисинагии «Аълочии мактабҳои олии СССР» ва соли 1998 бо унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз гаштааст.

Муаллим шахсияти серталаб нисбат ба худ ва дигарон, бо саводи амиқи сиёсӣ, ростқавл, поквиҷдон, сахтгиру ғамхор буд. Ӯ равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ буд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки дотсент Султонов Сулаймон шахсияти бузург ва нотакроре буд, ки бо чароғи ақл олами фикрро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро барои мо шогирдон кушод.

Ёд дорам, нимсолаи якуми курси аввалро (соли 1990) хатм карда будам. Дар ҳавлии кӯчаамон (кӯчаи Ленин №19), ки дар ҳамсоягӣ бо Устод зиндагӣ мекардем, пурсиданд:

— «Сессияи имтиҳониро чӣ гуна ҷамъбаст кардӣ?»

Бо ифтихор посух додам:

— «Ҳамаро бо баҳои АЪЛО!»

Устод бо табассум гуфтанд:

— «Офарин! Туҳфаи беҳтаринро ба ман кардӣ».

Он вақт ҷавон будам, намефаҳмидам маънии амиқи ин суханро. Бо гузашти вақт, дар як суҳбат аз завҷаи меҳрубон ва донишманди устод — Муъминова Салима, омӯзгори фанни физикаи мактаби миёнаи №3-и шаҳри Кӯлоб, фаҳмидам, ки Устод ҳангоми дохилшавии ман ба донишгоҳ кумаки самимӣ ва беғаразонаи худро расонидаанд. “Туҳфаи беҳтарин” — ин ҳаракату дониш ва муваффақияти мо буд.

Яке аз хислатҳои неки устод, дастгирии оилаҳои камбизоат буд.

Агар ман дар зиндагӣ ба ягон муваффақият ноил шуда бошам, дар ин роҳ саҳми муаллими азизамон — Устод Султонов Сулаймон, бениҳоят бузург аст.

Гарчанде ман факултети филологияи русро хатм карда бошам, бо ифтихор мегӯям, ки мактаби зиндагиро аз Устод Султонов ва муаллимаи азизамон, Муъминова Салима омӯхтаам.

Имрӯз бо камоли эҳтирому садоқат ба ҳар ҳарфу каломи устод мегӯям, муаллими гиромӣ, ташаккур барои роҳнамоии мо, барои он ки беҳтарин роҳи зиндагиро нишон додед. Шумо моро аз «ҳеҷ» ба «ҳама чиз» расонидед. Хотираи неки шумо дар қалби шогирдон ва ҳамкорон абадан боқӣ хоҳад монд.

Ғуломова Садбарг Нозимовна, номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти руси ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment