Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

by admin
154 views

Санаи 11.09.2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Истиқлолият неъмати бебаҳост” бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Хушбахт Бозоров дар мавзуи “Истиқлолият-омили асосии рушди босуботи маориф”, муаллими калони кафедра Муродов Амиралӣ дар мавзуи “Истиқлолият пояи саодати миллат”, муаллими калони кафедра Сафарализода Абдуҷаббор дар мавзуи “Дурахши истиқлоли миллат”ва ҳамзамон Мирзозода Шаҳноза, Нигораи Аслам, Шабнами Нурулло, Шабнами Наҷмуддин доир ба дастовардҳои замони Истиқлол маърӯза намуданд.

Дар интиҳои мизи мудаввар донишҷӯён порчаҳои шеърӣ дар васфи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуданд.

Related Articles

Leave a Comment