Home ХАБАР ТАШКИЛИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

ТАШКИЛИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

by admin
81 views
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии ассистенти кафедраи журналистика Муродов Ҷамил дар гурӯҳи 404-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид. Дар дарс Холиқова Зайналбӣ-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика, Алишери Абдулмаҷид мудири кафедраи журналистика, Зулфиев Гадомад-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, Исмоилова Фарзона-номзади илмҳои филологӣ, Гадоева Фирӯза-ассистенти кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст дарсро муаллим Муродов Ҷамил оғоз намуда, оид ба мавзӯи дарс, ки “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ВАО” ном гирифта буд, суханронӣ намуд. Сипас, донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ оиди ин мавзӯъ баромад намуданд. Дар охир дарс бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира хотима ёфт.

Related Articles

Leave a Comment