Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

by admin
15 views
Санаи 26 июни соли 2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи журналистика Наврӯззода Шамсия Муродалӣ дар мавзуи “Нақши маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар инъикоси масъалаҳои рушди маорифи кишвар”, зери роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Усмонова Наргис Кӯчаровна барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D0504400-Рӯзноманигорӣ (6D050401-Рӯзноманигорӣ) баргузор гардид.
Дар муҳокима Усмонова Наргис-дотсент, роҳбари илмии докторант, Зулфиев Гадомад-дотсент, декани факултет, Алишери Абдулмаҷид-дотсент, мудири кафедраи журналистика, дотсентони кафедра Шарофат Худойдодова, Сафарзода Манучеҳр, Қурбонова Умеда – дотсент, мудири шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Бозорзода Нуриддин-профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсентони кафедраи журналистика Шарофат Худойдодова ва Сафарзода Манучеҳр баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии докторант Наврӯззода Шамсия Муродалӣ бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраҳои баъдӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment