Ваҳдату Истиқлолият аз ободии рӯзгори мардум ва аз сарсабзии кишвар дарак медиҳад. Ин аст, ки баъди ба даст овардани Исиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ рӯзгори мардуми шарафманди Тоҷикистон хубу ин кишвари биҳиштосо сарсабзу хуррам гардид.
То ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик азобу шиканҷаи зиёдеро паси сар кард. Аз ҳама муҳим ҷони инсоният талаф ёфт. Фарзанд падар гум карду падар фарзанд, модар дар суроғи ҷигарбанд буду оби ҳасрат аз дидаи хунбор мерехт. Аммо, хушбахтона Худованд шахсеро болои сари мо соябон намуд, ки ҳама нобасомониҳо паси сар шуд. Тоҷикистони азизи моро фазои оромию субот фаро гирифт. Тақдири ҳазорон ҳазор гуреза, ки дар дашту биёбонҳои Афғонистон аз ташнагию гуруснагӣ ҷон медоданд, ҳал гардид. Онҳо бо шарофати ин марди наҷиб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватани аҷдодии хеш баргаштанд, боз аз оби Ватан нӯш карданду аз боду ҳавояш нафас гирифтанд. Ҳамаи ин натиҷаи Ваҳдату Истиқлолият ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ки мардум тинҷу орому осуда дар фазои сулҳу ваҳдат ва ягонагию якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд.
То ба сомон расидани Созишномаи сулҳ касе боварӣ надошт, ки чунин рӯзҳои хушу хуррам насиби тоҷикистониён мегардад.
Аз васоити ахбори омма пайваста огаҳӣ дорем, ки дар ҳама гӯшаю канори дунё нооромие вуҷуд дорад. Аммо Тоҷикистони азизи мо ором аст, мардум осуда умр ба сар мебарад, ҳама фарзандони мо ба таълим фаро гирифта шудаанд, шароити иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмӣ нисбати солҳои пешин хеле боло рафтааст. Пешрафти илму техника, хоҷагии халқ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, кишоварзӣ ва ғайра дар авҷи тараққиёт аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёму суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «…ба қадри ин Ватани биҳиштосо бирасед, онро қадр намоед ва шукрона кунед, ки чунин Ватани зебову обод доред». Инчунин, Пешвои муаззами миллат дар ҳар як баромадашон пайваста аз сулҳу субот оғози сухан намуда, мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба он даъват менамоянд, ки ин неъмати бебаҳоро аз даст надиҳанд, онро ҳифз намоянд, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи бадхоҳани давлату миллат нагарданд.
Дар яке аз Паёмҳояшон (28.12.2023) Сарвари мамлакат дар хусуси сулҳу суботи кишвар зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Инчунин, Сарвари мамлакат дар таъмини сулҳу суботи кишвар, истиқлолияту озодӣ ва амнияти ҷомеа сарҷамъӣ ва таҳаммулпазирии ҳар як инсони соҳибақлро таъкид карданд. Албатта, ҳар як фард вазифадор аст, ки ин сулҳу субот ва ин мустақилияту озодию ободиро чун гавҳараки чашм ҳифз намояду ба ин пурқиматтарин арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад. Пешвои миллат дар Паёмашон ин нуктаро махсус зикр намуданд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».
«Ман ба тамоми хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат, занону духтарони соҳибмаърифат, ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳимматбаланд ва ҳар як фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!»
Мо-тоҷикон дар атрофи сиёсати хирадмандонаи сарвари хеш ҷамъ омада, баҳри ободию шукуфоӣ ва сарсабзии ин меҳани ҷаннатосо беш аз пеш хизмат мекунем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дӯст доштану ҳифз намудани марзу буми сарзамини хеш тарбия менамоем. Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатиро қадр ва ҳифз менамоем, нагузорем, ки нохалафе, бадтиннате, бадкирдоре ба оромии мо, ба ваҳдати мо халал ворид намояд.
Мо аҳли зиё мекӯшем, ки сазовори боварии Пешвои миллати хеш бошем, мекӯшем, то сухани ваҳдат, сухани оромию субот, сухани муҳаббату садоқат ва сухани меҳру вафодорӣ вирди забони хурду бузурги ин Ватани биҳиштосо бошад. Дар ҳақиқат, агар ҷое сухан аз Ваҳдату Истиқлолият оғоз ёбад, он маъво маъвои меҳру муҳаббат, маъвои оромию ободӣ ва аз он сухан бӯи муҳаббат, бӯи вафодорӣ ва бӯи садоқат меояд. Бигузор дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ваҳдату ягонагию якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва меҳру муҳаббат зери Парчами Истиқлолият танинандоз бошад.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Дар охир мехоҳам шеъри “Ваҳдат”-и Хайрандешро пешкаши хонандаи гиромӣ гардонам:
ВАҲДАТ
Агар Ваҳдат набошад нест миллат,
Агар Ваҳдат набошад нест давлат.
Агар Ваҳдат набошад нест номус,
Наҷоти Тоҷикистон аст Ваҳдат.
Чӣ ширин аст, ё Раб, нони Ваҳдат,
Чӣ руҳафзо бувад имони Ваҳдат.
Ба Қурғонтеппаи мо чун дароӣ,
Барояд рӯ ба рӯ майдони Ваҳдат.
Агар Ваҳдат набошад нест миллат,
Агар Ваҳдат набошад нест давлат.
Агар Ваҳдат набошад нест номус,
Наҷоти Тоҷикистон аст Ваҳдат.
Шуд аз майдони Ваҳдат шаҳр оғоз,
Ки Ваҳдатро бувад сад файзу эъҷоз.
Ба рӯзи нек аз файзаш расидем,
Расонад бар ҳазору як самар боз.
Агар Ваҳдат набошад нест миллат,
Агар Ваҳдат набошад нест давлат.
Агар Ваҳдат набошад нест номус,
Наҷоти Тоҷикистон аст Ваҳдат.
Нагардад зиндагӣ бе Ваҳдат обод,
Зи Ваҳдат аст дунё тинҷу дилшод.
Биҳишти Ваҳдат аст аз ҳарчӣ хуштар,
Ба кишвар файзи Ваҳдат ҷовидон бод.
Холиқова Зайналбӣ-дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабддуллоҳи Рӯдакӣ