Санаи 30 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯйи кафедраи умумидонишгоҳии психология Изатова Нозанин Икромҷонова дар мавзуи “Ҳамкории муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо оила дар баланд бардоштани фарҳанги педагогии волидон”, зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Маҷидова Бибиҳафиза баргузор гардид.
Дар муҳокима Изатова Муҳаббат-доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Қурбонова Умеда-дотсент, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, Исоева Дилором-дотсент, мудири кафедраи психология, Назаров Ҳотам-дотсент, мудири кафедраи педагогика, ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Холматов Мубина, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Исоева Дилором, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Қурбонов Маҳмадӣ, номзади илмҳои педагогӣ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Изатова Нозанин Икромҷонова бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраҳои баъдӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.