Аз 9 то 10 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни калонсолон оид ба намуди варзиши “Таэквандо-WT” баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони зиёде аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат варзида, дар фазои дӯстию рақобати солим маҳорати баланди варзишии худро ба намоиш гузоштанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин чемпионат донишҷӯёни фаъоли факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ иштирок намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Аз ҷумла, Дилнозаи Ҳикматулло, донишҷӯи курси 3-юм, дар вазни 49 кг сазовори ҷойи аввал гардида, бо медали тилло ва дипломи дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид. Ҳамзамон, Шерпалангов Алиҷон, донишҷӯи курси 4-ум, дар вазни 74 кг ва Шарифзода Самиаллоҳ, донишҷӯи курси 1-ум, дар вазни 80 кг ҷойи дуюмро ба даст оварданд. Раҳимов Шуҳрат, донишҷӯи курси 3-юм, дар вазни 58 кг сазовори ҷойи сеюм гардид.
Чемпионати мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ба рушд ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи касбияти варзишгарон ва ҳавасмандсозии ҷавонон ба варзиш мусоидат менамояд.
Раёсати донишгоҳ бо ифтихор аз чунин дастовардҳо донишҷӯёни ғолибро табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи таҳсил, варзиш ва фаъолиятҳои минбаъда комёбиҳои навин таманно менамояд.