Санаи 23 апрели соли 2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши рӯҳониёни ватанӣ дар таъмини ҳамдигарфаҳмӣ байни ҳокимият ва аҳолӣ, дастгирии кӯшишҳои давлат дар ҳифзи тартибот ва пояҳои ахлоқии ҷомеа” баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар дотсент Муродова Гулчеҳра – мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Пирназаров Эмомназар – номзади илмҳои сиёсӣ ва мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзгорону ассистентони кафедаи мазкур ва донишҷӯёни фаъоли бахшҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ дотсент Ҳусайнзода Аминҷон дар мавзуи “Омилҳои сиёсӣ ва динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ассистенти кафедра Саидов Даврон дар мавзуи “Нақши консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” ва омӯзгор Зардаков А. дар мавзуи “Нақши рӯҳониёни ватанӣ дар таъмини ҳамдигарфаҳмӣ байни ҳокимият ва аҳолӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён пешниҳоду тавсияҳои худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ироа намуданд. Қайд гардид, ки баргузории чунин мизҳои мудаввар барои таҳкими робитаи байни донишгоҳ, ҷомеа ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён аҳамияти калон дорад.