Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

by admin
13 views
Дар таърихи 23.04.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Забоншинос ва методисти ҷавон”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон бо иштироки мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидзода Муҳаммад, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, роҳбари маҳфил Одинаева Ҳуснигул, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.
Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯёни болаёқат ва фаъол — Меҳронаи Сафаралӣ, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, бо маърӯзаи илмии худ таҳти унвони “Мавқеи мавзуи ‘Услубшиносӣ’ дар барномаҳои забони тоҷикӣ барои синфҳои V–IX”, ва Сулҳияи Мирзодавлат, донишҷӯи курси дуюм, бо маърӯзаи худ оид ба “Калимасозии Зарф” баромад намуданд.
Ҳар ду маърӯзаи пешниҳодшуда бо таҳлили амиқи масъалаҳои марбут ба таълим ва методикаи забони тоҷикӣ фаро гирифта шуда, мавриди таваҷҷуҳ ва муҳокимаву баҳсҳои илмию методии иштирокчиён қарор гирифтанд.
Маҳфил бо саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва баррасии роҳҳои таҳким бахшидани фаъолияти илмӣ-методии донишҷӯён идома ёфта, бо натиҷаҳои арзишманд ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment