Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
15 views
Санаи 19 апрели соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Сафарзода Сироҷиддин ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалии факултет Қаюмова Мубина зимни баромади худ ҳозиринро бо мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил шинос намуданд.
Сипас, донишҷӯёни факултет — Саидова Нигора дар мавзуи “Муродифот дар достони Рустам ва Суҳроб” ва Султонбии Хуршед дар мавзуи “Тасвири симои волидайн дар ашъори Ғоиб Сафарзода” маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Маърӯзаҳо аз ҷониби иштирокчиён бо таваҷҷуҳи хос шунида шуда, баҳсу мунозира ва саволу ҷавобҳоро ба миён оварданд.
Маҳфил дар фазои илмӣ, созанда ва пурмӯҳтаво ҷараён гирифта, дар анҷом бо саволу ҷавоби озод миёни донишҷӯён ва устодон, аз ҷумла суханронии мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Сафарзода Сироҷиддин ҷамъбаст гардид. Дар суханронии худ номбурда аз саҳми донишҷӯён дар рушди таҳқиқоти илмӣ ва аҳамияти иштирок дар чунин маҳфилҳо ибрози андеша намуд.

Related Articles

Leave a Comment