Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ-ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ-ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

by admin
28 views
Санаи 17.04.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии илмӣ-эҷодии “Адабиётшинос”-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Гиёева Тахмина, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст роҳбари маҳфил Гиёева Тахмина суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз бахшид ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дода, оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша кард.
Сипас, Раҳматова Фотима — донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Баъзе ҷанбаҳои ахлоқии “Қобуснома” –и Унсурулмаолии Кайковус» ва Гулафзои Иброҳим- донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Образи Манучеҳр дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши музокирот атрофи мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.

Related Articles

Leave a Comment