Баҳри рушд бахшидан ба қобилиятҳои эҷодӣ, баланд бардоштани завқи ватандӯстӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ дар миёни ҷавонон, дар саросари ҷумҳурӣ озмунҳои гуногуни фарҳангиву адабӣ ба роҳ монда шудаанд. Яке аз чунин ташаббусҳои фарҳангӣ озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” мебошад, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.
Ин иқдом ба хотири дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар бахшҳои мухталифи санъат, аз ҷумла эҷоди таронаҳои ватандӯстона, таҳияи оҳангҳои тоза ва рушди маҳорати баланди касбии ҳунармандон роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи татбиқи ин озмуни сатҳи баланд, санаи 16-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни мазкур баргузор гардид.
Ҳайати доварони озмунро роҳбарони сохторҳои тарбиявию фарҳангии донишгоҳ ва мутахассисони соҳаи санъат, аз ҷумла муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нурулло Холов, роҳбари маҳфили “Адибони ҷавон”-и донишгоҳ Файзи Ашур ва роҳбари хонаи фарҳангии донишгоҳ Имомов Ҷамшед ташкил ташкил медоданд.
Дар озмун 12 нафар донишҷӯ дар чаҳор бахши зерин ҳунарнамоӣ намуданд:
Санъати тасвирӣ,
Навозандагӣ.
Сарояндагӣ-жанри анъанавӣ ва эстрадӣ
Зимнан, зикри ин нукта ба маврид аст, ки соли гузашта зимни натиҷагирии озмун Назриев Суннатулло-корманди ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ мақоми сеюмро касб карда, бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ қадрдонӣ гардида буд.
Озмуни имсола низ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, эҷодкорӣ ва ҳунармандӣ гузаронида шуда, беҳтаринҳо барои иштирок дар марҳилаи минбаъда интихоб гардиданд.