Home ХАБАР МИЗИ МУДАВВАР: БЕДОРСОЗИИ ПСИХОЛОГИИ МАЪЮБОН ВА НАТИҶАҲОИ МУСБАТИ ОН

МИЗИ МУДАВВАР: БЕДОРСОЗИИ ПСИХОЛОГИИ МАЪЮБОН ВА НАТИҶАҲОИ МУСБАТИ ОН

by admin
26 views
Санаи 15.04.2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Бедорсозии психологии маъюбон ва натиҷаҳои мусбати он” гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар мудири кафедраи мазкур, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Бахтовар, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Мизи мудаввар бо суханронии мудири кафедра, дотсент Шарипов Бахтовар оғоз гардид. Таъкид карда шуд, ки бедорсозии психологияи маъюбон маънои бедор кардани нерӯи дохилии шахс, такони руҳӣ додан ба ӯ ва дарк кардани қудрату имкониятҳои мавҷударо дорад.
Дар идомаи кори мизи мудаввар сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар дар мавзуи “Бедорсозии психологии маъюбон ва натиҷаҳои мусбати он” маърӯзаи худро ироа намуд. Зимни ироаи худ иброз дошт, ки шахсони дорои маълулият як қисми ҷудонопазири ҷомеа буда, ҳуқуқи баробар ба зиндагии арзанда ва фаъолона доранд. Аммо бинобар монеаҳои иҷтимоӣ, равонӣ ва иқтисодӣ, бисёре аз онҳо ба ҳолати руҳафтодагӣ, камбоварӣ ва канораҷӯӣ гирифтор мешаванд. Бедорсозии психологияи маъюбон як раванди муҳими тарбиявию равоншиносӣ мебошад, ки ба бедор кардани эҳсоси арзишмандӣ, худшиносӣ ва худэътимодӣ дар байни ин табақа равона шудааст.
Мизи мудавар бо мубодилаи афкор миёни омӯзгорон ва донишҷӯён ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment