Home ХАБАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

by admin
120 views

Санаи 26-уми апрел аз ҷониби кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар семинар сардори Маркази рушди касбияти донишгоҳ Шарипов Анвар, декани факултет, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Суфиев Садриддин ва ҳайати омӯзгорон иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет Ҳусайнзода Аминҷон суханронӣ намуда, семинарро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Алимов Қобил дар мавзуи «Саҳми Самарқанд дар болоравӣ ва пешрафти давлати Сомониён» маърӯзаи худро баромад намуд.

Дар охир атрофи мавзуи мазкур миёни омӯзгорон мубодилаи афкор сурат гирифт ва аҳли нишаст фикру андешаи худро баён намуданд.

Related Articles

Leave a Comment