Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

by admin
4 views
Санаи 13.03.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-эҷодии “Адабиётшинос”-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар маҳфил номзади илмҳои филологӣ, дотсент Одинаева Гулбонӯ, роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Гиёева Тахмина ва ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст роҳбари маҳфил Гиёева Тахмина суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз бахшид ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дода, оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша кард.
Сипас, Абдулоева Фаришта — донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи “Мактабу маориф дар эҷодиёти Садриддини Айнӣ» ва Зулхумори Ҳофиз- донишҷӯи курси дуюм дар мавзуи “Вилям Шекспир — драматург” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши музокирот атрофи мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.

Related Articles

Leave a Comment