Home ХАБАР МИЗИ МУДАВВАР: ТАШКИЛИ МЕХАНИЗМИ ВОДОРСОЗИИ ҶАВОНОН БАРОИ ГУФТОР БО ЗАБОНИ АДАБИИ ТОҶИКӢ

МИЗИ МУДАВВАР: ТАШКИЛИ МЕХАНИЗМИ ВОДОРСОЗИИ ҶАВОНОН БАРОИ ГУФТОР БО ЗАБОНИ АДАБИИ ТОҶИКӢ

by admin
15 views
Имрӯз (12.02.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон мизи мудаввар дар мавзуи “Ташкили механизми водорсозии ҷавонон барои гуфтор бо забони адабии тоҷикӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, дотсент Саидзода Муҳаммад, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Холова Ғалатӣ, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина ва ҳайати омӯзгорон, магистрантон ва докторанти PhD-и кафедра иштирок доштанд.
Сараввал мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Саидзода Муҳаммад баромад намуда, ҳозиринро бо масъалаҳои баррасишавандаи мизи мудаввар шинос намуданд.
Дар идома номзади илмҳои филологӣ, дотсент Давлатова Фароғат дар мавзуи “Нақши истиқлолият дар ташаккули забони адабӣ ва рушди забони миллӣ” ва муаллими калони кафедра Сайдалиева Сарварбӣ дар мавзуи “Нақши забони адабии тоҷикӣ ва ташаккули он дар ниҳоди шаҳрвандӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши музокирот муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ баромад намуда, иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун як унсури муҳими худшиносии миллӣ бояд ҳамеша таҳким ёбад ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мақоми шоиста дошта бошад. Таъкид гардид, ки нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ ниҳоят бузург аст ва сиёсати забонӣ бояд минбаъд низ бо таҳкими мақоми он дар илм, фарҳанг ва техника идома ёбад.

Related Articles

Leave a Comment