Санаи (11.03.2025) дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки собиқадорони матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид.
Пас аз намоиши матбуоти даврии вилоят ва мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот натиҷагирии озмуни вилоятии “Неруи сухан” барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соли 2024 барои беҳтарин маводи журналистӣ барпо гардид. Гуфта шуд, ки ба кумитаи тадорукоти озмун маводи зиёди журналистӣ пешниҳод гардида буд.
Барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки кормандон ва намояндагони Донишгоҳ дар маросими тақдими Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2024 барои беҳтарин маводи журналистӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамин тавр, кормандони донишгоҳ аз рӯйи номинатсияҳои зерини озмуни “Неруи сухан” ғолиб ва барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дониста шуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд:
1. Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар номинатсияи “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ» ғолиб дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.
2. Тошматов Умарҷон- корманди Рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар номинатсияи “Беҳтарин наворбардор ва саҳифабанд” сазовори ҷойи 3-юм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ шарафёб гардид.
Раёсат ва ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастовардҳои навбатиро ба ҷоизадорон табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъда барояшон фатҳи қуллаҳои баландро таманно доранд.