Адабиёти бадеӣ як навъи санъат буда, хусусияти хоси он бо ёрии сухан ба вуҷуд овардани образи бадеӣ ва тасвир намудани ҳаёт аст, ки ба ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ёрӣ мерасонад. «Санъат» будани ҳунари шоириро адабиётшиносон кайҳо боз таъйид кардаанд. Барои ба хулосаҳои комилу пухтаи зиндагӣ расидан ҳам дониши мукаммали илмӣ ва ҳам тахайюлоти бойи бадеӣ доштан лозим аст.
Шеърро барои таъсирбахш гардидан бо санъатҳои бадеӣ зинат медиҳанд ва шеър аз илму дониш обуранг мегирад. Ҳар чизе, ки дар дил тааҷҷубу ҳайрат, ё ҷӯшу хурӯш ба вуҷуд меоварад, асоси шеър аст.
Шоири номдори мо Камол Насрулло андар шинохти шеър ва шоир сухан ронда, дарунмояи шеърро чунин таъриф кардааст: “Шеър вокуниши самимонаи зиндагӣ, ибрози эҳсос ва дарки шодӣ, дард, ҳайрат, изтироб, эътимод ва бовар аст, ки дар вожаву ҳарфҳо бо ҷилои зотию табиии худ ҳувайдо мешавад”. Чунин андешаи назар ба шеъри асил, албатта, ба табиати шоирии кас алоқаманд мебошад.
Файзи Ашӯр – барандаи Ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Шамсиддин Шоҳин ва Ашӯр Сафар аз зумраи он суханваронест, ки ба шеъру шоирӣ на тасодуфӣ, балки бо гомҳои устувор роҳ ёфтааст. Бурди ин шоири хушсухан дар он аст, ки маҳз дар хонадони яке аз пешқадамтарин ва ҳунармандтарин суханварони на танҳо доираи адабии Кӯлоб, умуман, нимаи дуюми асри ХХ тоҷик, шоири зиндаёд Ашӯр Сафар таваллуд ёфтаву аз суҳбатҳои пурбори маҳфилҳои адабӣ баҳра бардоштааст. Бояд қайд кард, ки доираи адабии Кӯлоб чун як ҷузъи ҳаёти адабии Тоҷикистон назди аҳли илму адаби Ватани азизамон мавқеи муносиб дорад ва ин мавқеу нуфузи худро то имрӯз бо адибони маъруф дар сатҳи муносиб нигоҳ доштааст.
Файзи Ашӯр имрӯз маҳз ана ҳамон рисолатеро бар дӯш дорад, ки устодони сухан анҷом дода буданд ва идома дода истодаанд. Тавонмандӣ, қотеъ будан ба шеъру шоирӣ ва сарбаландона иҷро намудани ин рисолати бузургро худи шоир дар шеърҳои “Савти қалам”, “Ҳастии шоир”, “Шеър”, “Китоб”, “Ҳарф”, “Азми савгандқабо”, ки дар маҷмӯаи “Хатҳои бехато” гирд омадаанд, таъкид кардааст:
Ба ғайри рост магӯ, гар ту пухтагӣ хоҳӣ,
Лаби дурӯғгирифтор хом мегӯяд…
Ба ҳаққи қатраи хуни сиёҳи хома, ки Файз,
Сараш буранд агар, аз низом мегӯяд!
Файзи Ашӯр нисбат ба эҷоди бадеӣ, ба хусус, шеър аз худ серталаб буда, тафаккури бой ва ҷустуҷӯйҳои бардавомро перомуни моҳияти аслии шеъру шоирӣ дорост. Шоир дар жанрҳои гуногуни адабӣ, ҳам дар жанрҳои суннатӣ ва ҳам дар шаклҳои нави шеърӣ қувваозмоӣ кардааст. Дар эҷодиёти ӯ махсусан, жанрҳои ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, манзума, қитъа мақоми аввалиндараҷа доранд. Дар ашъори шоир як пайдарҳамию пайвастагӣ ва шиддати фикру ҳиссиёт мушоҳида мешавад. Дарунмояи шеъри Файзи Ашӯрро масъалаҳои ватану ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, дӯстию ҳамбастагӣ, фироқи наздикон, ишқу ҷавонӣ ва дигар мавзуъҳои иҷтимоии рӯзгори мо ташкил медиҳанд.
Мавзуи Ватан ва тарғиби ғояҳои олии инсондӯстӣ дар ашъори Файзи Ашӯр миёни тамоми мавзуъҳои меҳварӣ мақоми аз ҳама баландро доро мебошад. Чунончи, дар шеърҳои “Қасри миллат”, “Ғазали ватандор”, “Меҳри миллат”, “Кӯлоб” меҳри Ватан, арҷ гузоштан ба гузаштангони хеш, тарғиби худшиносию худогоҳӣ ва садоқат ба ин миллату давлат мунъакис гардидаанд. Барои Файзи Ашӯр ватан макони муқаддас ва сарманшаи тамоми орзуҳост. Аз ин аст, ки шоир зиндагонӣ дар ин хоки зархезро шодмонии худ дониста, баҳри ҳифзи он хизмати содиқонаву софдилонаро тарғиб кардааст:
То дар ин хоки муқаддас зиндагонӣ мекунем,
Пой то сар, сар бар гардун, шодмонӣ мекунем.
Хуни мо одат ба нону оби покаш кардааст,
Бар Ватан хидмат забонӣ чист? Ҷонӣ мекунем.
Нотавонӣ айб бошад, чун равад ҳарф аз Ватан,
Мо тавонро сарбасар бо нотавонӣ мекунем…
Гар сафе некӯҳадаф ояд, ба роҳаш каф занем,
Фавҷи бадхоҳони худро сафдаронӣ мекунем…
Воқеан, аз мутолиаи ашъори шоир равшан мешавад, ки дар эҷодиёти ӯ мавзуи ҳувият ва худшиносии миллӣ мавқеи муайян дорад. Вай эҳсосашро ба сарзамини муқаддаси Тоҷикистон, ба гузаштаи халқи тоҷик тавассути шеър ифода карда, ба ин восита ҳисси ватандӯстию садоқати худро ба ин сарзамини файзбор нишон додааст. Дар шеъри “Меҳри миллат” шоир бар ин назар аст, ки ҳарки нигаҳдорандаи обрӯи миллат аст, орзуву омоли халқро дар мағзи ҷонаш мепарварад. Ҳастии миллати тоҷикро бо пойдории фарҳанги пурғановатамон алоқаманд донистааст.
Эҳтиром ба Ватан, дӯст доштани он аз ишқи зодгоҳ сарчашма мегирад. Зеро он ҳама ҳиссиёт ва орзуҳои ширин маҳз аз ҷойи валодати кас авҷ мегирад. Мирсаид Миршакар вобаста ба ҳамин масъала чунин изҳор доштааст: «Росташро гӯям, барои ман ибтидои Ватани бузургам аз он деҳаи хурде сар мешавад, ки дар он ҷо нахустин бор чашм ба дунё кушода, гап задан, роҳ гаштан, ба кӯча баромада, бо ҳамсолонам бозӣ кардан, хубро аз бад фарқ кардан, бо ғаму шодии дӯстонам шарик будан, дӯст доштан ва бад диданро ёд гирифта будам».
Шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ низ бар он назар буд, ки Ватан барои ҳар кас аз ҷойи таваллуд ва макони айёми тифлии ӯ оғоз меёбад:
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар…
Файзи Ашӯр ҳам дар ин масъала хеле ҳассос аст. Ӯ муҳаббати худро ба зодгоҳаш бо ҳиссиёти баланд баён мекунад. Ифтихормандию фархундаҳолии шоирро дар шеъри “Кӯлоб”, ки аз понзадаҳ банди чаҳормисраӣ таркиб ёфтааст, метавон мушоҳида кард. Кӯлоб барои Файзи Ашӯр шаҳри орзуҳо ва макони родмардони ҳақиқии Ватан буда, садоқатмандӣ ва меҳмоннавозии сокинонашро тавассути ифодаҳои “шаҳри таърихӣ”, “меҳмонпарвар”, “Кӯлоби азиз”, “умеди дилрабоӣ”, “ганҷинаи Кӯлоб”, “кӯлобӣ” ва ғ. басо дилнишин баён намудааст:
Кӯлоб, ривояти туро мехонам,
Таърихи туро чу номи худ медонам.
Шодам, ки ҳавои домани пири ту ҳаст
Дар панҷаву нохуну сафи дандонам.
Ошиқ ба ту буданам мусаллам бошад,
Бе ишқи ту зодаат чӣ одам бошад?
Он зиндагие, ки аз ту берун гузарад,
Дар гӯр равад, ки шарбаташ кам бошад.
Кӯлоби азизи меҳмонпарвари ман,
Дарвозаи шаб набастаат дар сари ман.
Аз симаки нимбанди дарвозаи ту,
Сатре рӯяд ҳамеша дар дафтари ман…
Дар мисоли мазкур, дар баробари инъикоси мавзуъ, ҳунари нигорандагии шоир низ мушоҳида мегардад. Истифодаи унсурҳо ва одатҳои хоси мардуми ин минтақа (“меҳмонпарвар”, “дарвозаи ҳамеша боз”, “симаки нимбанди дарвоза”), ки шоир хеле бамаврид ба кор бурдааст, бадеияти суханро афзудаанд.
Боиси қайд аст, ки дар даврони истиқлолият шоирони тоҷик дар баробари эҷод дар мавзуоти гуногун, симои зан-модарро ба риштаи назм кашида, қадру манзалати ӯро баланд бардоштаанд. Аз ин рӯ, бузургдошти зан-модар ҷанбаи дигари эҷодиёти Файзи Ашӯрро ташкил менамояд. Ин қабил андешаҳои шоир дар силсилаи шеърҳои “Бо модару бе модар” аз қабили “Дасту танӯр”, “Дарси шукр”, “Ранҷи модар”, “Ҳастияш инқилобҳо дорад”, “Андҳи модар”, “Меҳри модар”, “Тан ба пирӣ надиҳад”, “Тарсам”, “Модар”, “Гиряи мард”, мутаассир тасвир шудаанд. Дар шеърҳои ба модар бахшидаи шоир на танҳо симои нуронии модари худ, балки тамоми модарони тоҷик чеҳранигорӣ гардидааст. Кас аз мутолиаи ин қабил ашъор дарҳол модари худро пеши чашм ҷилвагар мебинад. Дар тасвири Файзи Ашӯр зан-модари тоҷик намоди занони шуҷоу далер, босаводу фарҳангпарвар буда, чун чароғи хонадон, баҳри фардои дурахшони фарзандон нурпошӣ мекунанд. Ба андешаи шоири равоншод Ғаффор Мирзо “Мавзуъ ҳар қадар олиҷаноб ҳам бошад, агар хусусиятҳои ӯро наёбем, дар асоси он хусусиятҳояш онро ҳал нанамоем, аз як тараф, ба дигар мавзуъҳо, ҳатто ба мавзуъҳои аз он тамоман дур монанд мешавад, аз тарафи дигар, аксар вақт пуч мебарояд”.
Хушбахтона, Файзи Ашӯр дар ин роҳ бо мулоҳиза қадам гузоштааст ва ҳамин аст, ки ҳангоми баёни мавзуи модар шоистагию эътибор ва феълу хислати ин ҳастии зиндагиро бо мисолҳои мушаххас, ки бозгукунандаи симову сирати зан-модари тоҷик мебошанд, ифода мекунад. Чунончи:
Дар танӯри чун шафақ сурх
Лахча чун истора месӯхт.
Чашм-равшан, чеҳра-пурнур,
Модари ман кулча мепухт.
Ё ин ки:
Ҳамсуҳбати ғамбарор будӣ, модар,
Хушрӯйтар аз баҳор будӣ, модар.
Дар сурату сират осмонӣ будӣ,
Боиззату хоксор будӣ, модар.
Дар эҷодиёти Файзи Ашӯр лирикаи ишқӣ мавқеи муҳим дорад. Зебоӣ ва нотакрории шеърҳои ошиқонаи шоир дар он аст, ки онҳо ҳар як дар худ як ҳолат, рӯҳия, манзара, фазо, эҳсоси муайян ва нотакрори олами ишқро шоирона ва ошиқона бозтоб медиҳанд. Дар силсилаи шеърҳои “Гулбоғи муҳаббати ҷавонӣ” шоир хотирот, хушиҳои ҷавонӣ, лаҳзаҳои гуногуни ин давраи фараҳбахши зиндагӣ ва ғайраро мувофиқи эҳсосу андешаҳои хеш тасвир намудааст:
Мекунам гардиш миёни кӯчаҳо,
Дар хиёлам гардиши абрӯйи ту.
Меравам аз шаҳри ту рӯзи дигар,
Мебарам бо хеш ёди рӯйи ту.
Ёди он рӯе, ки меборад фурӯғ,
“Ёди он чашмони шӯрангезро”.
Ёди оҳанги забони дилкашат,
Ёди лабҳои табассумрезро…
Мутолиаи ишқияҳои Файзи Ашӯр инро низ ҷилвагар месозанд, ки ӯ дар ишқ ва муҳаббат як навъ ҷафодида ҳам аст ва ин қазияро дар шеърҳои “Ҳавасам буд ҳавасҳо кардан”, “Хайрбод”, “Ранҷиш”, “Илтиҷо”, “Бе ту”, “Ваъда”, “Хушгил” ва ғ. возеҳу равшан мушоҳида мекунем. Дар як қисми шеърҳои мазкур оҳанги изтироб боло гирифта, бо ҳасрат аз васл, ҳаҷр, дард, хотирот сухан гуфтааст. Аммо дар анҷом
ҳамон виқору ғурур ва устувории худро низ ҷилвагар менамояд:
…Бо касе бошӣ, куҷо бошӣ, паноҳат бар Худо,
Бехудо ранҷад диҳад, аз вай ҷудоят мекунам.
Чун шавӣ кампири мушкилгард, гардамро биҷӯ,
Устухони пайкари худро асоят мекунам.
Аз ашъори тасвирии Файзи Ашӯр махсусан, шеърҳои “Азои баҳор”, “Дарё”, “Поиз”, “Биё баҳор” ҷолиби диққатанд. Дар шеъри «Дарё» яке аз унсурҳои табиат – дарё ба шоир илҳом ва ангеза бахшида, мавриди тасвир қарор гирифта, қаноатмандии ӯро аз ҳаёти иҷтимоӣ нишон медиҳад. Шоир тароват ва дилкашии дарёро чунин тасвир кардааст:
Ончунон покӣ, ки гарде нест маъвои туро,
Ҷуз само ҳаргиз намебинам ҳамтои туро.
Ҳамчу авроқи ниҳолони баҳор андар канор,
Бишнавад гӯши дил оҳанги таманнои туро.
Манзараҳои табиат ва унсурҳои олами ашё дар ашъори лирикии Файзи Ашӯр хеле зиёданд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногун тасвир гардидаанд.
Ҳамин тариқ, эҷодиёти Файзи Ашӯр басо гуногунрангу пурмаъно ва хеле таъсирбахш аст. Забони ашъори шоир сода, ҷаззоб ва дилнишин буда, барои таъсирбахш, пуробуранг тасвир гардидани предмет ва ё баёни эҳсосу ҳаяҷони худ аз воситаҳои гуногуни тасвири бадеӣ ҳунармандона истифода мебарад.
Ба шоири дақиқназар ва маънисаро Файзи Ашӯр, ки ҳамакунун дар авҷи камолоти эҷодӣ қарор доранд, фатҳи қуллаҳои навро таманно намуда, таълифи асарҳои боз ҳам мондагору тарғибкунандаи арзишҳои олиии ватандорӣ ва ифтихори миллиро орзумандем. Итминон дорем, ки сафи эҷодкорон ва меросбарони ҳақиқии сухани воло ва назми оламгири адабиёти пурғановати тоҷик дар доираи адабии Кӯлоб боз ҳам афзун мегарданд.
Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ