Home ХАБАР ДАРСИ НАМУНАВӢ: ШЕЪРИ ИШҚИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ШЕЪРИ ИШҚИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

by admin
11 views
Имрӯз (21.02.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Зулфиев Гадомад дар мавзуи “Шеъри ишқии Мирзо Турсунзода” дар гурӯҳи таълимии 401-и ихтисоси Забон ва адабиёти тоҷик бо иштироки устодони кафедра баргузор гардид.
Муаллим Зулфиев Гадомад дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки шоир ба мавзуи ишқ бо як ҳассосияти амиқ ва сабки лирикӣ рӯ овардааст. Дар ашъори ӯ ишқ на танҳо як ҳиссиёти шахсӣ, балки василаи ваҳдат, фидокорӣ садоқат ва ҳамчун як қувваи бузурге, ки инсонҳоро бо ҳам мепайвандад, нишон медиҳад.
Дар идомаи дарс донишҷӯёни гурӯҳ як-як аз ашъори Мирзо Турсунзода мисраҳои шеърӣ қироат намуданд.
Дар фарҷоми дарс муаллим ба донишҷӯён доир ба мавзуи болозикр саволҳо пешниҳод намуда, донишҷӯён дар навбати худ ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Related Articles

Leave a Comment