Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ЗИСТШИНОСӢ»

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ЗИСТШИНОСӢ»

by admin
157 views
Санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ маҳфили «Зистшиносӣ»-и назди кафедраи биология ва методикаи таълими факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исуфов Дилшод, роҳбари маҳфил Ташрифи Шариф, ҷонишини декан оид ба таълим Холов Сино, омӯзгорони кафедра Намозов Амонулло, Ботурова Зулқадамоҳ, Шарипова Бунафша, Маҳинаи Абутолиб, Моҳираи Ҳикматулло, Шарипова Ҳанифа ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд.
Донишҷӯён Давлатов У. зери роҳбарии дотсент Исуфов Д.С. дар мавзӯи «Нуриҳои маъданӣ ва органикӣ», Ашурова Д. зери роҳбарии Маҳинаи А. дар мавзӯи «Муҳити зист ва таснифи он» ва Мирзоализода И. зери роҳбарии Ботурова З. дар мавзӯи «Шаклҳои таълими биология» баромад намуданд.
Маҳфил бо баҳсу мунозира ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment