Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БАЛАНД БАРДОРШТАНИ НАҚШ ВА МАҚОМИ ЗАН — МОДАР ДАР ҶОМЕА

БАЛАНД БАРДОРШТАНИ НАҚШ ВА МАҚОМИ ЗАН — МОДАР ДАР ҶОМЕА

by admin
19 views
Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадият паи парвози дароз,
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Зан-Модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмон ва тамоми ҳастии ӯ нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаёти фарзандонро равшан месозад.
Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгории Зан-Модар аст. Бузургтарин шахсиятҳои таърихӣ, арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту санъат тарбиятдидаву парвардаи модар будаанд. Ва агар гардишу ҷараёнҳо, бурду бохт, арзишу дастовардҳои таърихи инсоният бо ному фаъолият ва мероси онҳо алоқаманд бошанд, пас дар ин корномаи башарият мақом ва манзалати «Зан-Модар» аз ҳама волотар аст.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидан ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ рўйи кор омаданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006 «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон», Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001 дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» аз 01 ноябри соли 2006 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз 29 майи соли 2010 Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва ғайра қабул гардидаанд, ки нишонаи амиқи иродаи сиёсии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар бобати бузургии Зан – Модар ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо сухан гўем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтарин аз уламову донишмандон, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз Зан – Модар ба дунё омадаанду дар домани поки ӯ парвариш ёфтаанд.
Зан-Модар дар ҳақиқат фариштаи осмонӣ, сарчашмаи рӯзгори банни башар, дурдонаи офариниш, хуршеди меҳровару дилнавоз ва устоди нахустини зиндагии инсоният мебошад. Саодати зиндагӣ дар вожаҳои поку муқаддаси «Зан» ва «Модар» нухуфтааст. Дуои неки модар боли бузурги парвоз ба сӯи музаффариятҳост.
Маро дар зиндагӣ меҳру сафо буд,
Нигаҳдорандаам пас аз Худо буд.
Зи ҷуши обу оташ мегузаштам,
Дуои поки модар муттако буд.
Оқилова Қурбонбӣ, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment