Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
9 views
28 феврали соли 2025 дар маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети филологияи хориҷӣ бо иштироки декани факултет, дотсент Муродов Баҳриддин, сармутахассиси марказ Ғаниев Фирӯз ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии декани факултет, дотсент Муродов Баҳриддин оғоз гардид.
Сипас, донишҷӯи курси 2-юми факултет Ашурова Мавлуда дар мавзуи “Роҳҳои омӯзонидани забони англисӣ дар замони муосир” маърӯзаи худро баромад намуд.
Ҳамзамон донишҷӯёни курси якуми факултет Одиназода Оишамо ва Атоева Райҳона мавзуи мазкурро бо забони русӣ ва англисӣ ироа намуданд.
Дар фарҷом сармутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз баромад намуда, раванди баргузории маҳфилро хуб арзёбӣ намуд ва донишҷӯёнро барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмӣ даъват кард.

Related Articles

Leave a Comment