Таърихи 28.02.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистика Одинаева Марҳабо аз фанни асосҳои ҳуқуқи журналистӣ дар мавзуи “Озодии иттилооти оммавӣ” дар гурӯҳи таълимии 304-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид.
Дар дарс муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, мудири кафедра, дотсент Алишери Абдулмаҷид, ассистенти кафедра Наврузова Шамсия иштирок доштанд.
Муаллим Одинаева Марҳабо дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки озодии иттилооти оммавӣ ҳуқуқи асосии инсон буда, барои рушди демократия, мубориза бо фасод ва таъмини шаффофият муҳим аст. Ин озодӣ ба дастрасии иттилоот, озодии баён ва масъулияти расонаҳо асос ёфта, бо сензура ва маҳдудиятҳо таҳдид мешавад. Ҳифзи он тавассути қонунгузорӣ ва дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир аст.
Дар қисмати дигари дарс саҳнача дар бораи муомилаи журналист ҳангоми мусоҳиба гирифтан бо мусоҳиб пешниҳод гардид. Дар идома муаллим ба донишҷӯён доир ба мавзуъ саволҳо пешниҳод намуда, донишҷӯён дар навбати худ ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд.