Санаи 21.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯйи кафедраи таҳлили математики ва назарияи функсияҳои факултети физика ва математика Ашурова Муродбегим Сафаровна дар мавзуи “Асосҳои методии таълими тафриқавии математикаи олӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мансур Нугмонов бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсия ва ҳайати устодону факултет баргузор гардид.
Дар рафти муҳокима номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он Сироҷиддини Давлаталӣ, дотсенти кафедраи математика ва методикаи таълими он Ниёзов Ҷонмаҳммад баромад намуда, ҳусну кубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Ашурова Муродбегим Сафаровна бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Ашурова Муродбегим ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму таҳқиқ мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.