Home ХАБАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

by admin
7 views
Сана 21-уми феврал дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ҳамиши бадеӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Артиши такягоҳи давлат — сипари миллат” бо иштироки садорати факултет ва ҳайати устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро декани факултет Зулфиев Гадомад оғоз намуда, иштирокчиёнро бо Рӯзи Артиши миллӣ, ки ҳамасола 23-юми феврал ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, ба онҳо бурдборӣ ва муваффақият дар корҳои илмию эҷодӣ таманно намудан. Ҳамзамон, зимни баромади хеш мавсуф қайд карданд: “Боиси ифтихору фараҳмандист, ки бо дастгирӣ ва кушишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешпои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 – юми феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса 31 – солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил мекунем. Дар остонаи ин ҷашни фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафти тай намудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиқлолияти кишвар мебошад, ба хотир меорем”.
Сипас, ҷонишини декан оид ба тарбия Насимҷони Саидаъзам дар мавзуи “Артиши миллӣ –яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ” маърӯзаи худро ироа намуд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ иборат аз шеърҳои ватандӯстона, саҳначаҳои тарбиявӣ ва суруду таронахонӣ намуда, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.

Related Articles

Leave a Comment