Имрӯз (03.02.2025) дар кафедраи география ва сайёҳии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар семинар номзади илмҳои география, муаллими калони кафедра Иброҳимова Рухшона дар мавзуи “Имкониятҳои рушди туризми рекреатсионӣ дар минтақаи Кӯлоб» ва ассистенти кафедра Манзураи Муродмад доир ба “Минтақаҳои озоди иқтисодии вилоти Хатлон” маърӯза намуданд.