Home ХАБАР ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА РОҲҲОИ АМАЛИИ ПЕШГИРИИ ОН ДАР МАҲАЛ

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА РОҲҲОИ АМАЛИИ ПЕШГИРИИ ОН ДАР МАҲАЛ

by admin
10 views
Таърихи 30.01.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳал” баргузор гардид.
Дар конференсия муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Сайдҳомид, мушовири директори Маркази Исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, ҷавонони фаъоли минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.
Қисмати расмии конференсияро муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода оғоз бахшида, иброз намуд, ки ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир нест. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд.
Вобаста ба масъалаи терроризм суханони пурҳикмату аҳамиятноки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қайд нумудан хеле ба маврид аст: «Терроризм ҳамчун ҷинояти характери байналмилалӣ дошта, сарҳад надорад. Худи террорист бошад ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад».
Аз ин лиҳоз тамоми қишрҳои солими ҷомеаро мебояд дар мубориза ба муқобили амалҳои номатлуб, махсусан ифротгароиву тундгароӣ ва даҳшатафканӣ яъне терроризм мубориза бурда, ҷавононро ба роҳи рост, созандагиву бунёдкорӣ даъват намоянд, ки ин рисолати ҳар яки мо мебошад.
Сипас, Шарифзода Сайдҳомид сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, Абдулхонов Файзалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Заминаҳои ҳуқуқии пешгирии ифротгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Мирзозода Азизулло, мушовири директори Маркази Исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Бартарии давлати дунявӣ дар чист?” баромад намуда, изҳор доштанд, ки фикру ақидаҳои ифротгароӣ аз доираи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, талаботи қатьӣ аз дигарон ва ба амалҳои тунд мегузарад. Дар ин маврид, шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Чунин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зурӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳалаи радикализм ба марҳалаи терроризм мегузарад.
Дар идома муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ба сухан баромада иброз дошт, ки ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, аҳли илму адаб бо ҳисси баланди ватандӯстона, бидуни пешбинии ғараз ва манфиат матлабҳои таҳлиливу интиқодиро чоп, ё ба намоиш гузошта, ҳар як амали ифротиро шадидан маҳкум намоянд. Билхоса, равшанфикрону зиёиён, сиёсатмадорон, мутахассисон ва уламои дин, ки дар назди ҷамъият ва давлат эҳтирому қадр доранд, бояд ба ин амали номатлуб мубориза бурда, мардумро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Дар қисмати хотимавӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусалмзода аз аҳли нишаст, махсусан, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, раисони ҷамоатҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта даъват ба амал овард, ки маҳал ба маҳал, деҳа ба деҳа корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ ва амалҳои номатлуб ҷоннок намуда, ҷавононро дар руҳияи бунёдкорӣ, созандагӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоянд.

Related Articles

Leave a Comment