Аз ин ҳарфи Сарвар дилам об хурд,
Ки таърихи миллат зи нав тоб хурд.
Зи тоҷик гуфту раҳи ифтихор,
Бихонд аҳли кишвар ба номусу ор.
Баромад ба минбар шукуҳу ҷалол,
Бигуфто ба мардум ҳама шарҳи ҳол.
Аз ин рӯзгору аз он сарнавишт,
Аз ин Рӯзи хубу аз он рӯзи зишт.
Ба ин ҷамъ гуфто зи ҳоли пареш,
Ки бегона ҳаргиз набошад чу хеш.
Касе дасти моро нагирад чу мо,
Ба оташ набошад хасе муттако.
Чу токе набояд биҷӯем роҳ,
Сафедор то ки шавад такягоҳ.
Ба умеди шамъе набояд ба шаб,
Зи маҳтоб бояд ба мо тобу таб.
Чунон Пешвои муаззамтабор,
Зи Меҳан бигуфто сухан обдор.
Дили анҷуман шуд аз ин ҳарф тар,
Ки биншаст қавлаш ба ҷону ҷигар:
Раҳи сарбаландӣ бикун ҷустуҷӯ,
Ки бошад раҳи мо, раҳи обрӯ.
Аз ин пас, азизон, фақат сӯи пеш,
Бибӯсем, ёрон, дигар дасти хеш!
Давлат Сафар-Шоири халқии Тоҷикистон