Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАЁМИ ПЕШВО – МАСИРИ СОЗАНДАГӢ

ПАЁМИ ПЕШВО – МАСИРИ СОЗАНДАГӢ

by admin
10 views
Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, як ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб мешавад, ки ҳар сол барои муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат ва рушди ҷомеа пешниҳод мегардад. Паёми Пешво на танҳо аз натиҷаҳои бадастомада дар давоми сол маълумот медиҳад, балки ҳамчун роҳнамо барои созандагӣ ва рушди устувори кишвар хизмат мекунад.
Яке аз самтҳои муҳимтарини Паёми Пешво таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи маориф мебошад. Пешвои миллат дар Паёми худ маорифро ҳамчун заминаи асосии рушди кишвар ва такомули ҷомеа номбар карданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, барномаҳои зиёде барои баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, таҷдиди муассисаҳои таълимӣ ва ворид кардани технологияҳои нав ба раванди таълим пешниҳод ва амалӣ мешаванд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки омӯзгорон ҳамчун қишри муҳимтарини ҷомеа бояд дастгирӣ ва қадршиносӣ шаванд. Бо ин мақсад, тадбирҳо барои баланд бардоштани маоши омӯзгорон, такмили ихтисоси онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кору фаъолият андешида шудаанд. Ин равишҳо на танҳо барои рушди инфрасохтори маориф, балки барои баланд бардоштани сифати таълим низ замина мегузоранд.
Масъалаи дигари муҳим, ки дар Паём махсус таъкид шуд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Пешвои миллат қайд карданд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро медонанд, рӯз то рӯз меафзояд.
Бо ин мақсад, Пешвои миллат зарур донистанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз мактабҳои ибтидоӣ то муассисаҳои таҳсилоти олӣ, хуб ба роҳ монда шавад. Барномаҳои махсус барои омӯзгорони забонҳои хориҷӣ таҳия шуда, курсҳои такмили ихтисос ва истифодаи васеи технологияҳои муосири таълимӣ пешниҳод мешаванд. Ин тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки насли ҷавон бо дониши амиқ ва малакаҳои забондонӣ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ ворид шаванд.
Паёми Пешвои миллат як санади стратегии миллӣ аст, ки самтҳои асосии рушди кишварро муайян мекунад. Таъкид ба рушди маориф, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳамчун заминаи пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат аҳамияти махсус дорад. Бо пайгирӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад саҳми худро дар таҳкими маориф ва рушди Тоҷикистони азиз гузорад. Аз ин рӯ, Паёми Пешвои муаззами миллат на танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ, балки роҳнамои аслии созандагӣ ва шукуфоии миллат мебошад.
Ғафуров Қамариддин-ассистенти кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment