Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

by admin
67 views

Дар арафаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ташаккули тарбияи ҷисмонӣ, ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултети мазкур, дотсент Наврӯз Носирӣ, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, генерали мустаъфӣ Азимов Раҷабалӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Конфронсро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон оғоз намуда, зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки Артиши миллӣ яке аз унсурҳои давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳимояи ҳар як давлат мебошад. Ба гуфтаи ӯ мустаҳкам намудани иқтидорҳои мудофиавии кишвар зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо сайъу талошҳои раҳбарияти олии мамлакат тӯли 31 соли таъсиси артиш, иқтидорҳои мудофиавии мамлакат боз ҳам таҳким ёфтаанд.

Сипас, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, генерали мустаъфӣ Азимов Раҷабалӣдар мавзуи “Нақши Артиши миллӣ дар ташаккули тарбияи ҷисмонӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон”, муаллими калони кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Сафаров Ширинҷон дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон-рисолаи муқаддас”, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Саидов Парвин дар мавзуи “Тарбияи чисмонӣ ва варзиш замина барои тарбияи ватанпарастии ҷавонон” ва муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он дар мавзуи “Ташаккули тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Инчунин қайд гардид, ки ватандорӣ аз имондорист, аз ин лиҳоз бояд ҳамеша бо дили пок ба Ватан хизмат намоем ва манфиати миллиро аз манфиатҳои шахсӣ ҳамеша пеш гузорем. Зеро талаботи замон аз мо тақозо мекунад, ки рӯз то рӯз ба дарки оромии кишвар бирасем ва онро ҳамеша арҷ гузорем. Мо бояд Ватанамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар ин раванд кафили таҳкими истиқлолияти давлатӣ, мактаби бузурги ватандорӣ, пойдевори тарбияи ҳарбӣ  — ватандӯстӣ Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватани соҳибистиқлоломон аҳамияти калони таърихӣ-умумиҷаҳонӣ дорад.

Related Articles

Leave a Comment