Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ ВА МАНОФЕИ ГЕОПОЛИТИКИИ ОН

ТЕРРОРИЗМ ВА МАНОФЕИ ГЕОПОЛИТИКИИ ОН

by admin
111 views

Яке аз мушкилоти ҷаҳони имрӯза ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.

Бояд гуфт, ки истилоҳи “террор” ва “терроризм” дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин калима шакли дигаргуншудаи арабии “таррор” аст. Таррор дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, оварда шудааст. Шояд аврупоиён калимаи “террор”-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаӣ арабии “таррор” гирифта бошанд. Ҳамин тариқ бисёриҳо ба он назаранд, ки калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Инро ҳамагон қабул доранд, аммо калимаи арабии “таррор” ва калимаи лотинии “terror” қариб, ки маънои якхела доранд. Маънои аслии экстремизм бошад – (аз калимаи франсавии “extremism” ва лотинии “extremus”) гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд. Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардааст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиятҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд. Баъзан сиёсати духураи онҳо ба тезутунд гаштани террорҳои нав дар кишварҳое, ки дар гирдоби азими буҳрони сиёсӣ дучор гаштаанд ба амал меояд. Абарқудратҳо баҳри муайян намудани мавқеи геополитикии худ пинҳонӣ ба гурӯҳҳои тундрав маблағгузорӣ менамоянд.

Дар замони муосир кишварҳои Осиёи Миёна мавриди таваҷҷуҳи манфиатҳои геополитикии давлатҳои алоҳида қарор гирифтааст, ки бархурди манфиатҳои онҳо дар манотиқи Шарқи Наздик, Қафқоз ва Осиёи Миёна рӯз аз рӯз хавфу хатари навро эҷод менамояд. Вусъатёбии фаъолияти чандин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмонҳои ба ном «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан-Нусра», «Гурӯҳи-24» “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби исломии Туркистон» ва монанди инҳо моро водор месозад, ки атрофи масъалаи мазкур диққати махсусро равона созем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Хулоса, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд баҳри ҳифзи Ватан аз ин хатарҳои муосир камари сидқу садоқат бандад ва баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти миллӣ содиқона ба Ватан хизмат намоянд. Хусусан, ҷавонони меҳанро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд. Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намуда, ҳамеша дӯстдори Ватани маҳбубамон бошем. Мо дар якҷоягӣ метавонем бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Пас даст бар дасти ҳам монда кӯшиш намоем, баҳри муҳофизати ин марзу бум ҷони худро дареғ надошта, содиқонаю софдилона хизмати арзандае намоем.

Раҳимов Д, ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment