Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

by admin
124 views

Санаи 8-уми апрел дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи журналистика Муродов Ҷамил дар мавзуи «Дуои модар» дар гурӯҳи таълимии 105-и ихтисоси рӯзноманигорӣ гузаронида шуд.

Дар дарс сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ Қувватова Муҳаббат, раиси шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ Рузиева Барно, мутахассиси раёсати тарбия Бозорова Сайёра ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал муаллим дарсро оғоз намуда, қайд карданд: “Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ,бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватан дӯстиро меомӯзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост”.

Сипас донишҷӯён маърӯзаҳои худро дар васфи модар, заҳматҳои кашидаи модар, пӯшти гаҳвораи тифли худ шабҳо хоб нарафта ӯро хобонданҳояш ироа намуданд. Инчунин аз ҷониби донишҷӯён порчаҳои шеърӣ дар васфи модар қироат гардид.

Зимни баромад қайд гардид, ки инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғуши гарми модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо маони дигаре нест. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар.

Ҳамзамон як саҳначаи тарбиявӣ низ дар васфи модар аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод гардид.

Дар фарҷом сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром ва мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд ва тавсия намуданд, ки чунин дасрҳо бештар гузаронида шаванд.

Related Articles

Leave a Comment