Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

by admin
137 views
Санаи 25-уми ноябр дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони “Парчами Тоҷикистон-рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет Қурбонов Кароматулло, ҷонишини декан оид ба таълим Камолов Фарухрӯз, ҷонишини декан оид ба тарбия Табаров Шеравган, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Қурбонбӣ, раиси ҷавонони факултет Сафарзода Сироҷиддин ва дигар устодону донишҷуён иштирок доштанд.
Сараввал декани факултет Қурбонов Кароматулло суханронӣ намуда, қайд карданд: “Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии давлат, дорои рамзҳои нек буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос мекунад. Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқи тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода мекунад”.
Сипас, Назаров Сироҷиддин, донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Таърихи пайдоиши парчам” баромад намуд.
Дар охири мизи мудаввар аз ҷониби донишҷӯёни факултет саҳнаи тарбиявӣ бо номи “Ормоншаҳри Ҷомӣ” пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment