Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

by admin
120 views
Санаи 18-уми ноябр дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Таъсири стресс ба ҳолати равонии ҷавондухтарон ва роҳҳои бартараф кардани он дар ҷомеаи муосир” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар сардори Раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Холова Ғалатӣ, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Шарипов Бахтовар, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Саидова Нилуфар ва дигар омӯзгорону донишҷӯдухтарон иштирок доштанд.
Нахуст, Шарипов Бахтовар суханронӣ намуда, мизи мудавварро ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Қурбонзода Мақсуд дар мавзуи “Мафҳум ва моҳияти стресс”, Назарова Хосият ассистенти кафедраи мазкур дар мавзуи “Таъсири стресс ба ҳолати равонии ҷавондухтарон ва роҳҳои бартараф кардани он дар ҷомеаи муосир”, Мубораки Абдураҳмон донишҷӯи курси 2-юми факултет, дар мавзуи “Геронтопсихология-илм дар бораи пиронсолӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир омӯзгорон ба саволҳои пешниҳоднамудаи донишҷӯдухтарон вобаста ба мавзуи мазкур посух гуфта ва машваратҳои лозимӣ доданд.

Related Articles

Leave a Comment