Санаи 16-уми ноябр дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи сиёсатшиносӣ маҳфили «ДУНЁИ СИЁСАТ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҳфил омӯзгорон ва донишҷёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Зарифов Ҳабибулло суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солагарди Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд доштанд: «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи дунёи сиёсат мебошад, ки дар Иҷлосияи мазкур сарвари давлат интихоб гардиданд. Пешвои миллат дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди ҳаёти сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст».
Баъдан Комилзода Нигора, донишҷуи курси 2-юми факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзӯъи «Масъалаҳои мубрами сиёсӣ ва қарорҳои мушаххаси Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Собирзода Рамшед, донишҷуи курси 2-юми факултети номбурда дар мавзӯи «Масъалаҳои об ва иқлим дар Тоҷикистон ва ҷаҳон аз нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон», Исломов Шермуҳаммад, донишҷуи курси 2-юми факултет дар мавзуъи «Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити рушди ҷаҳонишавӣ» баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти омӯзгорону донишҷуён ба анҷом расид.