Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҲАКИМИ АСР

ҲАКИМИ АСР

by admin
329 views
Дар яке аз навоҳии зебоманзари Тоҷикистон, ки онро ном Муъминобод аст, деҳае бо номи Дошманд вуҷуд дорад. Дошманде, ки бо табиати фараҳафзояш бинандаро шефтаи худ ва бо насими фораму дилнишинаш ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад. Дошманде, ки вай парваридаи садҳо ҷавонмарду ҷонфидои ватанаст. Дошманде, ки ҳакими бузургеро дар худ парвардааст.
Гар бипурсанд, саидо ҳакимат зи куҷост,
Ман аз ин беҳ надонам, ки он дошмандист.
15 октябри соли 1948 фазои Дошмандро осмони софу беғубор фаро гирифта буд. Марде дар кати назди ҳавлибуда, гоҳ менишинаду гоҳ мехезад, гоҳ басӯи дарвозаи ҳавли мераваду гоҳ ба сӯи дари хона. Ин марди наҷиб бобои Ибодулло буду интизори мекашид. Интизорие, ки тамоми орзӯҳояшро фаро гирифта буд. Интизорие, ки қалам дар васфаш оҷизаст.
Интизорие, ки дар васфаш чун шоири бузург Мирзо Турсунзода достон бояд навишт.
Шабе, ки то саҳар бедор будам,
Мушавваш тангдил ночор будам.
Нахуфтам доштам умедворӣ,
Диламро мефишорад интизорӣ.
Интизории бобои Ибодулло интизории шабурӯз набуд, интизорие буд, ки орзӯи ҳамешагии онро фаро мегирифт.
Интизории писарбачае, ки номбардори падару модар ва диёри худ гардад. Ҳамакнун ин интизориҳо вақти худро дарёфтабуду тоқати бобои Ибодуллоро рабурда тамоми ҳисиёташро фаро гирифта буд, ки бе саброна интизори мекашид. Ногаҳон аз дохили хона садои тифлаке ба гуши бобои Ибодулло мерасад ва ҳамшира аз хона берун баромада хабаро мерасонад.
Муборак шавад, Муборак шавад писар тавлид шуд. Ин хабар ба бобои Ибодулло хеле хуш афтоду шукри худоро ба ҷо овард ва онро мувофиқи орзуҳои деринтизораш Маҳмадулло ном гузошт.
Падар Маҳмадуллои хурдсолро зери тарбияи худ гирифта то сини мактабхони бо як шавқу ҳавас муҳимтарин масъалаҳоро ба вай меомӯзонид. Чун сини Маҳмадулло ба мактаб расид , алакай хондану навиштан барои вай хеле осон буд. Вай мактаби миёнаро бо мувафақият ба анҷом расонида чунин рӯзу рӯзгор ва муввафақиятро соҳиб шудааст.
Баъди хатми мактаби миёна (1964) ҳуҷҷатҳояшро ба ихтисоси биологияи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супорида сазовори номи донишҷӯӣ мегардад. Соли 1969 донишгоҳро хатм намуда, ба хизмати ҳарбӣ меравад ва солҳои 1969-1971 дар қисми ҳарбии № 77800 (ш Алма — ато) хизмати Ватан-модарро бо сарбаландӣ адо карда, ба Ватан бармегардад. Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ моҳи августи 1971 бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба кор фиристода мешавад. Ӯ дар ДДОК аз соли 1971 то соли 1973 дар вазифаи муаллими кафедраи фалсафа, аз соли 1973 то 1975 муаллими калони кафедраи мазкур кор мекунад. Соли 1975 бо дархости маъмурияти ДДОК ва роҳхати Академияи илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон ба Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ СССР (ш.Москва) барои идомаи таҳсил ба аспирантура (1975-1977) фиристода мешавад. Ӯ дар ин давра бо олимони намоёни соҳаи фалсафа В.А.Лекторский (сармуҳаррири маҷаллаи «Вопросы философии»), И.Т.Фролов, Р.С.Кирпинская, Г.И.Рузавин, Л.В.Фесенкова, И.К.Лисеев, В.С.Швирёв, И.Н.Смирнов ва дигарон ҳамкории илмӣ-эҷодӣ пайдо мекунад. Соли 1978 таҳти роҳбарии В.А.Лекторский рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи «О диалектическо-материалистических основах концепции структурных уровней материалных систем.» дифоъ намуда, ба дараҷаи илмии номзади илми фалсафа мушарраф мегардад. Баъд аз баргаштан ба ДДОК (1978), ӯ омӯзгорони ҷавони кафедраи фалсафаро бо файласуфони дар боло зикр гардида барои ҳамкории илмӣ-эҷодӣ пайваст менамояд. Аз байни онҳо файласуфи ҷавони боистеъдод М. Садуллоев (собиқ ноиби ректор оид ба илми ДДОК ) бо роҳи тай кардаи М.Ибодов рафта, бо роҳбарии профессор В.А.Лекторский дар мавзӯи «Субъект и объект познания» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа мегардад.
Маҳмадулло Ибодов аз соли 1978 то 1980 ба ҳайси декани факултаи забон ва адабиёти рус дифои вазифа намудааст. Маҳмадулло Ибодов моҳи майи соли 1980 тибқи озмун ба Ҷумҳурии халқии Булғория роҳхат мегирад. Ӯ дар пойтахти ҶХБ шаҳри София муддати як сол таҳсил намуда, дар конфронсҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ баромад карда, пас аз баргаштан аз ҶХБ (1981) то соли 1987 ба ҳайси дотсенти кафедраи фалсафа адои вазифа намудааст.
Солҳои 1987-1989 курси докторантураро дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гузашта, соли 1991 дар мавзӯи «Направленность и прогресс в эволюции живой природы» рисолаи докторӣ ҳимоя менамояд ва ба дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа мушарраф мегардад. Солҳои 1990-1993 ба ҳайси мудири кафедраи фалсафаи ДДОК адои вазифа намудааст. Моҳи декабри соли 1993 профессор Ибодов ба вазифаи ноиби ректор оид ба тарбияи донишгоҳ таъйин мегардад.
Дар соли таҳсили 1999-2000-ум М. Ибодов ноиби ректор оид ба таълиму тарбия буд.
Фаъолияти якҷояи шуъбаи таълим ва тарбия дар давоми солҳои 2000-2005 ба таври возеҳ нишон дод, ки мавҷудияти воқеии ноиби ректор оид ба тарбия талаботи рӯз мебошад. Аз ин хотир, шуъбаи тарбия аз таълим ҷудо карда шуд ва профессор М. Ибодов дар вазифаи ноиби ректор оид ба таълим мешавад.
Устод М.Ибодов аз соли 2005 то соли 2012 ба ҳайси ноиби ректор оид ба таълим иҷрои вазифа намудааст. Дар ин давра тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Вазорати маорифи ҶТ масъалаи гузаштан ба Стандарти нави давлатии таълими маълумоти олии касбӣ ба миён омада буд. Бо ташаббусу роҳбарии профессор М.Ибодов дар як муддати кӯтоҳ нақшаҳои таълимии нав барои гузаштан ба низоми таҳсилоти кредитӣ таҳия ва дар Вазорати маорифи ҶТ тасдиқ гардиданд. Фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсии профессор М.Ибодов низ паҳлуҳои бисёреро дар бар гирифтааст. Ӯ дар давоми 20 сол чаҳор даъват (то марти 2015 сол) вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб , 20 сол раиси коммисияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб «Оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва оила», раиси Шӯрои тарғибу ташвиқи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб буд. Ҳамзамон аъзои Шӯрои дифои рисолаҳои доктории Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ АИ ҶТ, аъзои Шӯрои олимони ДДК маҳсуб ёфта, фаъолияти хешро идома аз декабри соли 2012 то ба имрӯз дар вазифаи профессори кафедраи фалсафа кору фаъолият намуда истодааст.
Профессор Маҳмадулло Ибодов чун олим, омӯзгор, ҷамоатчӣ ва инсони ҳалиму мушфиқ сазовори эҳтироми зиёд мебошад.
Профессор Ибодов муаллифи 5 монография ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, 4 дастури таълимӣ – методӣ аст. Хизматҳои шоёни профессор Маҳмадулло Ибодов дар соҳаи таълиму тарбия, бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995), ордени «Дӯстӣ» (2000), медали «2700 солагии Кӯлоб» (2006), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2009) ва даҳҳо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Воқеан ҳам рӯзгори устод Маҳмадулло Ибодов саросар дар роҳи илму маърифат ва тарбияи фарзандони халқ бахшидашудааст. Имрӯз дар миёни аҳли илм ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шахсияте нест, ки шамаъе аз кулвори маънавии устодро начашидабошад. Ин марди наҷиб бо таҷрибаи солбаста ва илми тобёфа, аз қалб сухан гуфта ва ба қалбҳо роҳ ёфта тухми саодатмандиро дар замири ҳар шунаванда мекорад.
Воқеан ҳам устод Маҳмадулло Ибодов аз рахшонтарин ситораҳои илми тоҷик аст ва зиндагиномаю фаъолияташ шоистаи ситоиш мебошаду аҳли кишвар аз чунин донишманди шоиста ва пажӯҳишгари фарохназар ифтихор доранд.
Маҳмадулло Ибодов устоди азизу арҷумандам ба синни мубораки 74 бо кулбори пурбори маънавӣ, бо сари баланду обрӯву шараф расидааст. Хушо, ки ҳамоно азму иродаи қавию илҳоми саршор ва тани нерӯманд дорад. Ва ин собитгари он аст, ки ӯ боз чанд даҳсолаи дигар дар ҷодаи фаъолияти илмӣ устувор ва дар хизмати мардумон, аз ҷумла, ҷавонон пойдор хоҳад монд. Заҳмати солҳои тулонӣ кашидаи устод саранҷом бор овард ва аз ранҷ ганҷ дарёфт.
Устоди азизи ман саломат бошед,
Орифи суханвариву ҳикмат бошед.
Устоди азиз, агар ин чанд сухан дар рӯзи бароятон муборак боиси болидагии хотири шумо гардад, ман худро хушбахтарин хушбахтҳо меҳисобам.
Рӯзи мавлуди Шумо муборак, устоди гиромиқадр!
Ҳасанов МАҲМАДСАИД ва аҳли омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment