Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ

by admin
339 views
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол самари сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ҳадафҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати маънавии худ пайгирӣ карда мешавад. Ва ин беҳуда нест, зеро номи дурахшони Рӯдакӣ, шеъри оламшумули ӯ воқеан ҳуҷҷати ифтихори миллии на танҳо мо, тоҷикон, балки ҳама форсизабонони дунёст. Аз ин рӯ имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши 
бадеӣ – фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти «Рӯзи Рӯдакӣ» таҳти унвони «Ғазал рӯдакивор некӯ бувад» бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, ноиби ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро ректори Донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз намуда, ҳозиронро бо ин ҷашни давлатӣ шодбош гуфта, қайд намуданд, ки “Ифтихори миллии мо тоҷикон аст, ки маҳз ин абарустоди сухан Одамушшуаро, Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, падари шеъри порсӣ эълон гардидааст. Дар олами илму адаб эътироф гардидаву собит шудааст, ки маҳз устод Рӯдакӣ бо каломи безаволи худ, ки дар он ғояҳои баланди инсониву башариро сурудааст, бунёди меъёри солими забони ноби адабии тоҷикӣ-форсиро гузоштааст, ки минбаъд бар зербуни он тамоми адабиёти пурифтихор ва дар олам эътирофгардидаи классикиву имрӯзии мо бегазанд қомат афрохт.
Аз хидматҳои беҳамтову безаволи дигари устод Рӯдакӣ ин аст, ки маҳз дар осори гаронмояи ӯ бунёди тамоми жанрҳои маъмулу маъруфи адабиётамон, мисли ғазал, қасида, маснавӣ, дубайтиву рубоиву қитъа гузошта шудааст.”
Сипас, Ҳақназар Ғоиб-Шоири халқии Тоҷикистон ва Муҳаммад Ғоиб-Шоири халқии Тоҷикистон оид ба маънавиёт суханронӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ гурӯҳи донишҷӯёни факултети филологияи точик ва журналистика порчаҳои назмиву насрӣ аз эҷодиёти шоир қироат намуданд. Инчунин, ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов аз эҷодиёти шоири ширинкалом таронасароӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment