Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

by admin
237 views
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории навин, марҳилаи рушд дар ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ, дар умум давлатдории миллӣ маҳсуб мегардад.
Воқеан баъд аз сипарӣ гардидани якчанд марҳилаҳои таърихӣ бори дигар миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст оварда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки Истиқлол барои миллати фарҳангсолори мо пойдевори воқеӣфароҳам овард, ки дурнамои имрӯзу ояндаи миллат ва рушди кишвари азизамонро ба самти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣинтихоб намоем. Мусаллам аст, ки расидан ба Истиқлоли давлатӣ, бунёди ҷомеаи озоду демократӣ, дунявӣва иҷтимоӣ ҳанӯз ҳамчун яке аз ормонҳои деринаи халқи соҳибтамаддун ва фарҳангпарвари тоҷик маҳсуб ёфта, дар тӯли таърих мардуми шарифи мо баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафҳои наҷиб кӯшишҳои сазовору пурмаҳсулро ба иҷро расонидааст.
Бевосита дар сатҳи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбинӣмегардад, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ марҳилаи нави инкишофи таърихӣ- бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овард ва ба рушди устувори сиёсиву иқтисодӣва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа замина гузошт.
Тазаккур бояд дод, ки Истиқлоли давлатиро миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик ба осонӣба даст наовардааст ва барои расидан ба он заҳмату талошҳои зиёд масраф шудааст. Барқарории пояҳои Истиқлоли давлатӣва минбаъд таъмини устувори вазъи сиёсӣва сатҳи иҷтимоиву иқтисодӣбевосита дар асоси сиёсати созандаву ташаббускорона ва ҷонннисориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон барои миллати тамаддунофари мо шарфёб гардид ва минбаъ роҳи бунёди давлатдории миллӣба вуҷуд омад.
Халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии азалии худ тавонист, ки марҳилаи душвори бесарусомониро, ки дар айёми солҳои аввали Истиқлоли давлатӣба вуқуъ пайваст бартараф созад, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор гардонад.
Албатта бунёди давлатдории миллӣдар шароити ноустувори сиёсӣкори басо душвору сангин буд. Илова ба ин баргардонидани гурезаҳои иҷборӣба Ватан яке аз ҳадафҳои аввалини Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон маҳсуб гардида, дар он айёми душвори таърихӣ муваффақона амалӣ гардид.
Тавре Пешвои миллат огоҳ месозанд: «Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлол кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои Истиқлол кори аз он ҳам душвортар аст».
Бояд зикр намуд, ки ҳамчун шарофати азими Истиқлоли давлатӣниз маҳз барқарории сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣмиёни сокинони кишвар маҳсуб мегардад.
Яке аз аввалин тадбирҳои муҳиме, ки ҳанӯз дар оғози давраи аввали соҳибистиқлолӣамалӣкарда шуд ва дар заминаи он рушди давлатдории миллӣмуайян гардид, ин қабули Конститутсия ва минбаъд ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар мебошад. Ин санади тақдирсози миллӣбарои бунёди давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти таърихию ҳуқуқӣва сиёсӣгузошт ва он кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣва ягонаю иҷтимоӣэълон дошта, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва муҳайё намудани фазои мусоид барои рушди озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.
Бояд зикр намуд, ки дар роҳи давлатсозии миллӣ мавқеъ ва аҳамияти рамзҳои давлатӣ ҳамчун шиносномаи давлату миллат аҳамияти махсусро касб менамоянд. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣхалқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, ҳамчунин асъори миллӣгардид. 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи бақои давлату миллати тоҷик ва дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунсозии куллӣба Нишони (Герб) давлатӣ ҳамчун осори тоҷдорию давлатдории навини тоҷикон бо шарофати Истиқлоли миллӣба вуқуъ пайвастанд.
Ҳамчунин Истиқлол пойсутуни асосии ба вуҷуд омадани давлати миллиро барои миллати мо гузошта, сабабгори эътирофи давлат дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки “Истиқлол Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон ошно намуд”.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣҶумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид, ки имрӯзҳо чандин пешниҳодоту таклифҳои ҷониби Тоҷикистонро ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣэътироф ва дар арсаи байналмилалӣ амалӣ месозад. Дар баробари ин, кишвари мо узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ– Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони давлатҳои исломӣва ғайраҳо гардид, ки дар доираи онҳо кишвари маҳбуби мо мизбони якчанд конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣгардид.
Имрӯзҳо кишвари мо ба сифати як кишвари пешоҳангу пештоз дар ҳалли масоили умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ номвару номбардор гардидааст. Бо ташаббус ва талошҳои фарзанди абармарди раҳнамунсоз, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон якчанд пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта ва иҷро гардиданду дар амал татбиқ шуда истодаанд. Аз ҷумла, пешниҳодҳо доир ба эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза, эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои ҳаёт”, эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣдар соҳаи об ва оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор” мавқеъ ва нақши кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣбаланд бардошт.
Боиси зикри хос аст, ки бо шарофати Истиқлол имрӯз Тоҷикистон дар олам чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар эътироф шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки ифтихори ҳар тоҷикистонӣаст. Мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон, ки бунёдгузори он Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон мебошанд, саҳми бузурги кишвар дар рушди демократия дар арсаи ҷаҳон аст ва аз он наслҳои имрӯзу оянда сабақ хоҳанд гирифт.
Ба воситаи чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣдар баробари шарикони анъанавии худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба доираи ҳамкориҳои худ ворид намуд, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи геополитикӣва геостратегии ҷумҳурӣдар арсаи ҷаҳон ва ҳифзи манфиатҳои миллии он хизмати бузургеро анҷом дод. То имрӯз қариб 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо 150-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ҳамзамон, Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон муомилоти иқтисодӣба роҳ мондааст.
Воқеан ҳам, дар масири давлатсозии навинамон Истиқлоли давлатӣнақш ва мақоми арзишманду нодир дорад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ҷонбозиҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллати хеш бо ҷомеаи ҷаҳон бо чеҳраву симои хоси миллӣ, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳои навини фарогири фарҳанги башарӣворид гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат як насли нави озоду дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав ба камол расида, рӯйи саҳнаи зиндагӣ омада, бо эътимоду боварии қавӣ метавон афзуд, ки дар оянда низ парчамбардори давлати соҳибистиқлоламон хоҳанд гардид.
Ҳамчунин давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозаргонӣва пайвастани низоми иқтисодии Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣроҳ кушоем.
Дар баробари ин, марҳилаи рушди давлатдории миллӣбо танзими муносибатҳои ҷамъиятии хусусияти миллидошта тақвият меёбад, ки чунин меъёрҳо ифодагари анъана, махсусиятҳои осори фарҳангӣ ва табиати миллати тоҷикро ифода менамоянд.
Яъне, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва дастоварди арзишманди давраи Истиқлол ба ҳисоб мераванд, ки барои беҳбудии вазъи некӯаҳволии мардум, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ, таълиму тарбияи мукаммали насли наврас ва масъулиятшиносии волидон дар ин самт мусоидат менамоянд.
Дар замони муосири рушди давлатдории миллӣҳадафҳои стратегии имрӯзаи давлат, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, Истиқлоли энергетикӣва саноатикунонии босуръати кишварро пешбинӣ менамоянд, бори дигар собит месозанд, ки Пешвои муаззами миллат дар модели давлатсозии мо ҳадафҳоро аз рӯйи бартарияти сиёсӣ, иқтисодӣва фарҳангӣ муайян менамояд. Татбиқи самараноки онҳо ба болоравии сатҳи зиндагии мардум, эътимоду эътиқоди онҳо ба ояндаи дурахшон, рӯҳбаландии иҷтимоӣ мусоидат намуда, Истиқлоли иқтисодию сиёсӣва фарҳангии моро таҳким бахшида, баҳри рушди устувори давлатдории миллии мо ҳамаҷониба шароит фароҳам оварда истодаанд.
Дар маҷмуъ, Истиқлол барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣва фарҳангиро фароҳам оварда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Ин неъмати бебаҳо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рӯ, бояд бо шукргузорӣаз Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, фазои озоду осоишта, шароитҳои мусоиди муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар, ғамхориҳои хирадмандонаи Сарвари муаззами давлат дар пешрафту рушди ояндаи босаодати Тоҷикистони азиз ва пойдории пояҳои Истиқлоли давлатӣсаҳмгузор бошем.
Манучеҳр МАЗАРИФОВ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment