Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ САЙЁРАИ ЗАМИН — САЙЁРАИ ОБ ВА ҲАЁТ

САЙЁРАИ ЗАМИН — САЙЁРАИ ОБ ВА ҲАЁТ

by admin
413 views
«Тоҷикистон дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетики буда, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷойгир аст. Истифодаи чунин захираҳо яке аз заминаҳои асосии ташаккул ёфтани «иқтисоди сабз» ба ҳисоб рафта, идоракунии самаранокӣунсурҳои дигари он, аз ҷумла захираҳои обӣ, экология ва рушди устуворро таъмин менамояд. Мо ният дорем , ки ин сарвати худро ба нафъи кишвар ва минтақа истифода намоем. Ҳукмати Тоҷикистон дар ин ҷода пайваста тадбирҳои зарури меандешад».
ЭмомалӣРаҳмон
Об яке аз омилҳои муҳимми экологӣбарои организмҳои зинда мебошад. Бе об ягон организмӣ зинда фаъолият карда наметавонад. Ин аст, ки обро мӯъчизаи табиат меноманд. Об барои нигоҳдории фаъолияти мeътадили ҳучайраҳо, бофтаҳо ва организм зарур аст. Муҳимтарин протсессҳои ҳаётан зарури биологии (физиолого-биокимиёвии) организмҳо бо иштироки об ба амал меоянд. Аз ин ҷост, ки об қисми ҷудонашавандаи кулли организмҳои зинда мебошад. Ғайр аз ин, об барои организмҳо ҳамчун ҳалкунанда аҳамияти бузург дорад. Об асоси ҳаёт дар сайёраи мо ба шумор меравад.Об ҳамчун омили муҳими рушди устувор дар бисёр санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақави ва милли , ҳамчунин стратегияҳои рушд нишон дода шудааст. Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа об –ин таъмин намудани аҳолӣбо оби ошомидании безарар ва беҳдошт боқи мемонад . Ин мушкилот хусусан дар деҳот , ки зиеда аз 70 %-и аҳолӣдар он ҷо зиндагӣмекунанд , хеле муҳим ба чашм мерасад.
Об бо формулаи одди Н2О (аш – ду – о ) ва формулаи графики Н – О – Н ва формулаи электронии Н : ■(.@О@.): Н ифода меёбад. Дар сайёраи мо об асоси ҳаёти организмҳои зиндаро ташкил медиҳад. Об дар сайёраи замин дар ҳолатҳои гуногуни агрегати вомехурад. Яке аз сифатҳои асосии муъҷизаофариниши об ин ҳолатҳои агрегатии он: моеъ, газ, ҷисми сахт (ях) будани он ба ҳисоб меравад. Замин аз ҷумла сайёрахои низомии шамси аст, ки дар гирди офтоб давр мезанад вакти давр зада баромадани Замин 365 шабонарузу 5 соату 48 дакикаву 46 сонияро ташкил медихад. Сайёраи Замин масохаташ 510 млн км кавадратиро ташкил медихад. Суръати харакати Замин дар як сония ба 29,8 км мерасад. Рузи Замин 22 апрели соли 1969 аст. Сабаби чашн гирифтани рузи Замин аз он аст, ки дар шахри Санта Барбараи давлати Панама миллионхо тон нефт ба руи бахр рехта организмхое, ки дар об зиндаги мекарданд пурра несту нобуд шуданд аз ин ру рузи ғамангез эълон карда рузи Замиро ҷашн мегиранд. Масофаи байни Замину офтоб 150 милион км-ро ташкил медихад. Аммо масофаи байни Замину Мохтоб 384 хазор км буда нурафшонии офтоб ба сайёраи Замин дар муддати 9 дакика мерасад. Дар системаи офтоб 9 сайёра вучуд дорад ки инхо:1.Уторид 2.Зухра 3.Замин 4.Мирих 5.Муштари 6.Уран 7.Зухал 8.Нептун 9.Плутон мебошанд.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки як қатор мутафаккирони барҷастаи асрҳои миёнаи халқи тоҷик ба монанди Абунасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯали ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав ва дигарон дар омӯзиши хосиятҳо, истифодабарӣва ҳифзи об ҳиссаи арзандаи худро гузошта буданд. Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣбори аввал оби қатрони (дистиллатсионӣ) – ро ҳосил намуда, истифодаи онро дар тайёр намудани малҳамҳо пешниҳод намуда буд. Бузургтарин мутафаккири форсу тоҷик Абӯали ибни Сино натиҷаи тадқиқотҳо ва мушоҳидаҳои худро нисбат ба об, хосиятҳо, об сарчашмаи пайдоиши бемориҳо, ҷӯзонида нӯшидани он истифодабарӣва ҳифзи онро дар асарҳои ҷовидонаи худ «Қонуни тиб», «Донишнома», «Китоб–ул-шифо» ва ғайра гирд овардааст.
Академик Ферсман образнок карда мегуяд, ки « Об –ин асаби замин аст» . Агар мо аз фазои коинот ба замин назар афканем мебинем ,ки ҷизӣ асоси хушки набуда, об мебошад. Хушки дар сайёраи Замин ҳамагӣ25 дарсад буда, 75 дарсади дигарро уқёнусҳо , дарёҳо ва кӯлҳо ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон 14 ҳазору 509 пирях мавҷуд аст, ки 8 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо манбаи аслии оби Тоҷикистон ва 60 дарсади оби Осиёи Марказӣмаҳсуб мешаванд . Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти мавҷудаи умумиҷаҳонии норасои об ҳамеша сайю талош дорад, то дар мушкилоти марбут ба оби ошомидании на танҳо минтақа, балки сайёра низ нақшӣмуҳим дошта бошад.
Дар тақсимоти боришоти сайёра ҷойгиршавии кулҳо, баҳрҳо, ва уқёнусҳо низ нашқи бузурге доранд. Дар сурати наздик ҷойгир шудани обанборҳо ба минтақа дар он намнокӣзиёд аст. Ба тақсимоти боришот релефи маҳал ҳам сабаб мешавад. Чунки, қуллаҳои баланди куҳҳо ҳаракатӣбоди борон оварандаро нигоҳ медоранд. Дар соҳили уқёнуси Ором, дар қаламрави Перу ва қисман Чили биёбони Атакама ҷойгир аст, ки дар онxо баъзан дар давоми якчанд сол боронгари мушоҳида намешавад ва сабаби кам боридани борон қуллаҳои баланди қаторкуҳои Анд мебошад. Барои организмҳо на ҳамаи умумии солонаи боришот, балки тақсимоти вай дар фаслҳои сол аҳамияти назаррас дорад. Аз ин рӯ , агар дар минтақаи экватори ду давраи максималии боришот мутобиқан дар моҳҳои март-апрел ва октябру ноябр ба чашм расад, пас дар минтақаи тропики як давраи максималии боришот дида мешавад. Даври максималии боришот дар минтақаи субтропики бештар ба тирамоҳу баҳор ва дар минтақаи мeътадили нимкурраи шимоли танҳо ба фасли зимистон рост меоянд. Тақсимоти гуногуни солонаи боришоти сатҳи сайёра ҳамчун яке аз сабабҳои муҳимми тақсимоти нобаробари организмҳо дар рӯи замин ба шумор меравад.
Асосгузорӣсулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар ҷаҳонӣмуосир на танҳо ба ҳайси сиёсатмадори асри 21 , инчунин дар байни сарони давлатҳо ҳамчунин роҳбари хирадманду ташаббускор эътироф гардиданд .Сифатҳои хирадманди ва пешбинонаи Пешвои миллатамон буд , ки ҳанӯз соли 2003 масъалаи дар оянда аз оби нушидани танқиси кашидани аҳолии сайёраро аввалин шуда дарк намуданд.
Аз ин лиҳоз , маҳз бо ташаббуси он кас соли 2013 Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015 » низ пешниҳод шуда буд. Баъдан дар доираи ин даҳсола инчунин ибтикороти Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкории об , ҳамчунин дигар ибтикоротҳо , аз ҷумла Соли байналмилалии беҳдошт (санитария ) ҷонибдори ёфт .
Боиси фараҳмандист ,ки 21 декабари соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмиллаии амал «Об барои рушди устувор » 2018-2028 қабул намуда дар лоиҳаи Қатъномаи мазкур ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълон шудани «Соли 2003- соли байналмиллаии оби тоза » , Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт , солҳои 2005-2015 » , Соли 2013 –соли байналмилалли ҳамкори дар соҳаи об махсус таъкид кардааст.
Мутобиқи Қатъномаи мазкур , давраи солхои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор » эълон шуд , ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда , 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. 22-юми март Рӯзи умумичаҳонии захираҳои об мебошад. Ин дархури рамзе буда , ба ҷашни Наврӯз , ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон мақомӣҷаҳонӣкасб кардааст , мебошад.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» , 2018-2028 дар ҳамбастаги бо дигар ташаббусҳои ҷаҳонии обии Тоҷикистон мавқеи хос ва нақши пешбарандаи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалии оид ба масъалаҳои об инъикос , эътироф гардидани Тоҷикистонро аз ҷониби ҷомеаи байналмилалии ҳамчун мамлакати пешқадам дар пешниҳоди обии ҷаҳони таъмин менамояд.
Бобоев КОМРОН, докторанти Институти химия ба номи В.И. Никитини Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment