Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ -ЭКСТРЕМИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

ТЕРРОРИЗМ -ЭКСТРЕМИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

by admin
213 views

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

                                                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣкасб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣтаҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин иваз кардани сарвари давлат ва ё дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Мафҳуми терроризм калимаи лотинӣ буда, «тарс», «таҳлука», «воҳима»-ро ифода мекунад, ташкилот, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида онро барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон ба кор мебаранд.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки нишонаҳо ва решаҳои шаклҳои гуногуни экстремизм, аз ҷумла экстремизми сиёсӣ-диниро дар тамоми динҳо пайдо намудан мумкин аст. Яъне то андозае гуфтан мумкин аст, ки эътиқоди динӣ метавонад ба ҳайси асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ баромад кунад. Аммо на ҳама навъи эътиқод, балки эътиқоди кӯр-кӯрона, аниқтараш фанатизми динӣасоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣаст. Зарур аст, ки барои муборизаи самаранок бо ин навъи экстремизми баррасишаванда вобаста ба фанатизми динӣ ҳамчун асоси он маълумоти муфассал дошта бошем, то ба саволи «Барои чӣ эътиқоди кӯр-кӯрона ва бечунучаро ба дин асоси экстремизм ва терроризм аст?» ҷавоб диҳем.

Наметавон ҳеҷ таърифе аз терроризму экстремизм намуд, ки ҳама анвои гуногун ин падидаро дар тӯли таърих вуҷуд дошт, дар бар мегирад. Терроризм ва экстремизм амалҳои хушунатомез ва ваҳшатофарин мебошанд ва хостори ин ҳастанд, ки афкори хориҷиро дар ҷомеаи мавриди назар тағйир диҳанд. Террористҳоро умуман ба ду гурӯҳ тақсим намуданд: Террористони муътақид ва дуюм терористони муздур ё худфурухта.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм, инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣҷой дорад.

Дар давраи ҳозира, мутаассифона, дар арсаи байналхалқӣфаъолияти ифротгароёнаи террористӣва экстремистӣаз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣтабдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣва террористӣзарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошад.

Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар  надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣнамуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣнишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣпаҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣва саркардаҳои гуруӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣва террористӣмегардонанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣаз худ боқӣгузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣаст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣимрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣяк мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣдар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣбо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣравона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Бо дарназардошти онки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣдорад. Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣба миён меорад. Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣдоранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд.

Қурбонзода Рӯдоба, докторанти PhD-и кафедраи забони тоҷикӣ бо МТ-и ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment