Home ХАБАР ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
180 views
Фарҳанги асили ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, бо ривояту устура, андешаҳои мардумӣ анънаҳои миллӣ, маорифи динию фазилатҳои ахлоқии дар тӯли асрҳо шаклёфта аз назари таърихию фарҳангӣ шомили мазмунҳои рамзию тамсилҳои дорои хусусияти табиию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию кайҳоншиносӣ таҷассум меёбад, ки онҳоро тавассути таҷлили ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ таъбиру таъвил ва арзёбӣ намудан мумкин аст.
Наврӯз низ яке аз идҳои қадимтарини тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар сарчашмаҳо омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт, подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд. Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Ҳамин аст, ки имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Наврӯзи ҷаҳониро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намуданд.
Дар саҳни донишгоҳ донишҷӯёни ҳар як факулта хони идона ороста, ҷашни Наврӯзро пайвандгари насли имрӯз бо расми арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъанаи ниёгон маънидод намуданд. Ҳайати комиссияи тадорукотӣ аз дастоварду намоиши фарҳангии донишҷӯёни факултаҳо дидан карданд. Дар хони наврӯзии факултаҳо риояи расму оинҳо, густурдани хони ҳафсину ҳафтшин, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, омода сохтани таомҳои миллӣ ба истиқболи Наврӯз як рукни асосии ин ҷашни ниёгон буд. Ҳангоми баромади хеш ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доктори илми педагогика, профессор, Мирализода Абдусалом Мустафо ҳамагонро ба муносибати фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз табрику таҳният намуданд. Зимни баромадашон ректори донишгоҳ қайд карданд, ки “Наврӯз, воқеан, аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстонаи хеш – дӯстиву рафоқат, ҳамкориву ҳамбастагӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои фаровони табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғгари дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Маҳз ба ҳамин хотир, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ ҳангоми ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид намудани ҷашни Наврӯз қатъномаро таҳти унвони «Фарҳанги сулҳ» қабул намуд.”
Ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса ба хотири эҳтиром гузоштан ба суннатҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ва амалӣ намудани рукнҳои Наврӯз бо ташкили маҳфилҳои идона ин ҷашнро бо рӯҳияи ифтихормандӣ аз сулҳу суботи Ватан пешвоз гарифтанд.
Дар поён ҳайати комиссияи тадорукотӣ барои таҳияи хони наврӯзӣ ҳамаи факултаҳои донишгоҳро баҳогузорӣ намуда, ҷойҳои зеринро муайян намуд ва бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуд:
Ҷойи 1-ум: факултаи молиявию иқтисодӣ;
Ҷойи 2-юм: факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ва факултети иқтисод ва идора;
Ҷойи 3-юм: факултаи филологияи хориҷӣ ва факултети филологияи рус;
Наврӯз аз зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида,ба қавле пайдоиши он ба замони ҳазрати Одам ва Каюмарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба фикри сеюм ва чаҳорум ба асри зардуштиён рост меояд ва боз андешаҳое ҳам роиҷанд, ки асрҳо мардумон онро гиромӣ медоранд ва чун бо баҳор тавъам меояду сари сол аст, ҷашни баҳору ҷашни Соли нав низ қаламдод мешавад.
Дар Наврӯз одамон ба ободкорӣ ва сафедсозии деворҳои хонаaшон даст мезананд (дар баъзе мaҳаллаҳо инро хонабурорӣ ё хонатакконӣ мегӯянд), аз ҳолу аҳволи беморон хабар мегиранд, дар гузашта агар нисбат ба якдигар ягон кинаю ҳасад доштанд, бахшоиш мекунанд, зарфҳои шикастаро мепартоянд, гулхан меафрӯзанд, дар баъзе минтақаҳо бошад, аловпарак мекунанд, яъне аз болои оташ меҷаҳанд. Албатта, дар ин рӯз духтарон куртаҳои миллӣ ба бар карда, дастурхони Наврӯзӣ меороянд, шеъру ғазалхонӣ мекунанд. Дар ин рӯз бисёре аз мардумон ба сайру тамошои дашту саҳрои гулпӯши ватани азизамон мебароянд ва аз ҳавои софу беғубор нафас мегиранд.
Воқеан, Наврӯз ва баҳор ин аёми шукофоист, ҳама гулпӯшу гулрез аст. Мурғакони чаман сари ҳар навниҳоли шукуфта нишаста нағмасароӣ мекунанд ва аз рафтани фасли дай хушҳолӣ карда, баҳори накӯпайро пешвоз мегиранд.
Наврӯз хӯрокҳои ба худ хосро дорост. Яке аз хӯрокҳои маъмули Наврӯзӣ ин суманак мебошад. Суманак асосан аз гандум тайёр карда шуда, заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Аз вақти гузоштан то ба тайёр шуданаш, ҳатто, ҳафтаҳо зарур аст. Суманакро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон тайёр мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо суманак бо номҳои суманаки чанголӣ, кулчасуманак, атоласуманак маъмул аст, ки бо баъзе хусусиятҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Хӯроки дигари Наврӯзӣ ин далда мебошад, ки дар баъзе минтақаҳо бо номҳои даля, гандумкучак, ярма ё боч маълум аст. Далдаро асосан бо гандум ва дигар донагиҳои кӯфташуда ва гӯшт ё калапочаи гов ё гӯсфанд тайёр мекунанд.
Инчунин дар баъзе манотиқ далдаи бо алафҳои баҳорӣ тайёршударо низ вохӯрдан мумкин аст. Инчунин оши туппа (оши бурида ё атола низ мегӯянд), атолаи наскӣ (асосан аз наск ва алафҳои баҳорӣ тайёр мешавад), далда ба шир, гандум ва ғайра аз хӯрокҳои маъмули наврӯзӣ мебошад.
Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад.

Related Articles

Leave a Comment