ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД by admin 12.03.2022 12.03.2022 401 views Имрӯз дар факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Модарон дарси кушоди тарбиявии Ташрифи Шариф Одиназода ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он дар гурӯҳи 211-и ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат баргузор гардид. Дар дарс Исуфов Дилшод-номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, декани факултет, Холов Сино, ҷонишини декан оид ба таълим, Зарифзода Фаришта, ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст дарсро муаллим Ташрифи Шарифи Одиназода оғоз намуда, қайд карданд, ки “Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор,чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ,бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад.” Сипас, донишҷӯён барномаи омоданамудаи хешро ки “Ҳаёт аз номи модар гирад оғоз” унвон гирифта буд, пешкаши ҳозирин намуданд. Share FacebookWhatsappTelegramEmail Related Articles ХУШХАБАР! 02.04.2025 Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 31.03.2025 Маросими имзои санад ва ба кор андохтани хатти... 31.03.2025 Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 31.03.2025 Маросими имзои Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии... 31.03.2025 Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон 31.03.2025 СУРАТГУЗОРИШ 31.03.2025 Мулоқот бо 100 ятими кул ва тақдими туҳфаҳо... 30.03.2025 Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд 29.03.2025 БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ... 28.03.2025 Leave a Comment Cancel Reply Save my name, email, and website in this browser for the next time I comment.