Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАҚШИ ЗАН-МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАБИЯИ ФАРЗАНД

НАҚШИ ЗАН-МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАБИЯИ ФАРЗАНД

by admin
592 views

(Андешае чанд дар партави Паёми Пешвои миллат)

Маълум аст, ки тарбия вазифаи инфиродии волидайн набуда, балки вазифаи ҷамъиятӣ мебошад. Тафовут миёни тарбияи волидайн ва ҷомеа, махсусан муассисаҳои таълимӣ, дар шаклу усули муносибат мебошад. Аз ин сабаб, мебояд дар таълиму тарбияи ҷавонону наврасон ҳам оила ва ҳам ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Бо дарки ин гуфтаҳо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (21.12.2021) барои кулли сокинон ҳамчун ҳуҷҷати ояндасоз мавқеи муҳим дорад. Яке аз қисмати суханронии муҳтарам Пешвои миллат ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шуда, масъулин вазифадор гардиданд, ки дар ин самт тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ (забони русӣ ва англисӣ) тарбия намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар талиму тарбияи ҷавонон мавҚеи зан-модарро, ки дар оинаи таърих наҚши муассир дорад, баланд арзёбӣ карданд. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром аз хислтатҳои неку боифатии зан-модар сухан карда, ба ҳамагон муроҷиат намуд, ки «Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».

Оре, ин гуфтаҳо барои модарон хеле арзишманданд, чунки вақте ки Худои таъллоҳ ба модар фарзанд ато менамояд, худ напӯшидаву нахӯрда фарзандашро мехӯронаду мепӯшонад, яъне модарон ҳар он чизе, ки беҳтарин аст, ба фарзандонашон мебахшанд, то ки фарзандон даводиҳандаи насли онҳо мебошанд. Инчунин бор он мекӯшанд, ки онҳо хонанду соҳибмаълумот гарданд ва дар пешрафти ҷомеа ҳамавақт саҳмгузор бошанд.

Таҳлилҳо аз Паём то Паём собит менамоянд, ки дастгирӣ аз тарафи Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мавҚеи зан дар ҷомеа, намояндагии занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, дараҷаи ширкати занон дар сатҳи Қабули Қарорҳо дар органҳои намондагӣ ва иҷроия, органҳои роҳбарии судӣ, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи худидоракунии маҳаллӣ хеле зиёд ба назар мерасад.

Дар Паёми навбатӣ низ дастгирии худро нисбат ба занону модарон боз ҳам зиёд намуданд: «Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».

Ба ҳамагон маълум аст, ки барои соҳибмаълумот гардидани духтарон, аз ҷумла духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон квотаи президентиро таъсис додаанд, ки «дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд» ин як пешравии ҷиддӣ буда, барои донишманду бомаърифат гардидани насли имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик мусоидат менамояд.

Мо занон-модарон, аз ҷумла заноне, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон машѓулем, кӯшиш менамоем, ки гуфтаҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, эътимод ва эътиқоде, ки нисбат ба зан-модар доранд, онро сазовор гардем.

 

Ҷалилова Анварбӣ Неъматовна, саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

Related Articles

Leave a Comment