Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТИНҶИВУ АМОНИ БЕҲТАРИН НЕЪМАТ АСТ!

ТИНҶИВУ АМОНИ БЕҲТАРИН НЕЪМАТ АСТ!

by admin
287 views
Сулҳу ваҳдат ин ибораҳоеянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст буданро нишон медиҳад. Ҳодисаҳои рўзҳои охир, ки дар ҷумҳурии ба мо дўсту бародар рух дода истода, далели он аст, ки баъзан ашхосе вуҷуд дорад, ки ҳамаи ин неъматҳои бузургро дар давлат нодида мегирад. Тавре дида мешавад, чандин маконҳо ба коми оташ рафта мардуми зиёди бегуноҳ талафот дида истодаанд. Бояд гуфт, ки ба қадру қимати тинҷиву оромӣ ҳар кас расида наметавонад.
Мо мардуми Тоҷикистон ба мардуми бонангу номуси Қазоқистон муроҷиат менамоем, ки дар давлаташон сулҳу субот ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии худро ҳифз намоянд алайҳи ин падидаи зараровар якҷоя мубориза баранд. Тинҷиву оромӣ ин беҳтарин неъмате ҳаст, ки ба мо насиб гаштааст. Дар давлат бояд сулҳу субот ҳамеша пойдор бошад ва ҳаёти мардуми Тоҷикистони азиз, ҳифзи амнияти давлат, шаъну шараф ва номи неки Ватан ва баланд бардоштани парчами кишвар, ҳифзи сарҳад ва якпорчагӣ ва сарзамини муқаддаси мо ҳамеша пойдор бошад.
Поянда бод Сулҳу субот дар Тоҷикистон!
Навруз Носирӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment